«ОБ – САРЧАШМАИ ЗИНДАГӢ». Бунёди Садриддин Айнӣ албоми мусаввари Рассоми халқии Тоҷикистон Исуф Санговро таҳти ин ном ба нашр расонид
ДУШАНБЕ, 02.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Об – сарчашмаи зиндагӣ»-таҳти чунин унвон албоми мусаввари Рассоми халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Исуф Сангов бо ибтикори Бунёди Садриддини Айнӣ бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расид. Албоми мусаввар дар Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе», ки аз аз 4 то 6 сентябр доир мегардад, ба намоиш гузошта мешавад.
Дар асар мусаввараҳои зиёди рассоми пурҳунар ҷой дода шуда, манзараҳои нотакрори сарзамини биҳиштосоямон, кӯлҳо, рӯдҳо, чашмасорону шаршараҳо инъикос ёфтаанд.
Албоми мусаввар бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор дар давраи солҳои 2018-2028» садо дода буданд, ифтитоҳ меёбад: «Тоҷикистонро ба шарофати табиату иқлими нотакрор, кӯҳҳои осмонбӯс, оби мусаффои кӯлу рӯдҳо барҳақ сарзамини биҳиштосо меноманд. Ва мо омодаем, ки захираҳои бузурги оби нӯшокиамонро ба манфиати халқҳои минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем».
Ба китоби мусаввар академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва доктори фанҳои таърих, профессор Лариса Додхудоева сарсухан навиштаанд. Китоб ба доираи васеи хонандагон ва пеш аз ҳама, ба сайёҳони хориҷӣ пешниҳод мегардад, ки тавассути он метавонанд бо Тоҷикистону табиати камназири он бештар шиносо гарданд.











Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид






