Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод санги асос гузоштанд

Сентябрь 20, 2019 09:03

ДУШАНБЕ, 20.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии шуъбаи маориф оғоз бахшиданд.

Мувофиқи лоиҳа бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод сеошёна буда, он бо дарназардошти набудани шароити мувофиқу муосири фаъолият барои кормандони соҳаи маориф сохта мешавад.

Дар бинои шуъбаи маориф утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 80 ҷой ва ҳуҷраҳои хоб ҷойгир карда мешаванд. Бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд карда мешавад.

Барои сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод қитъаи замин дар масоҳати 0,30 га ҷудо карда шудааст. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин мегарданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод ба масъулон ва сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд бунёд кардани иншоот дастуру ҳидоятҳо доданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки рушди бонизоми соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои беҳтар намудани шароити кории кормандони соҳа тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.

Дар маркази ноҳияи Файзобод сохтани бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия аз дастгириву таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва муҳайё кардани шароити муосир шаҳодат медиҳад. Баробари ба истифода додани бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия дар оянда барои кормандон шароити созгори фаъолият фароҳам оварда шуда, ин омил дар пешрафти кори соҳа заминаи мусоид мегузорад.
Гузоштани санги асос барои бунёди бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод 20.09.2019

Сентябрь 20, 2019 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон