Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб боғи фарҳангию фароғатии Хуталонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 10.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб боғи фарҳангию фароғатии Хуталонро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки оғози корҳои навсозию барқароркунӣ дар боғи мазкур, моҳи феврали соли 2019 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2019 бо сифати баланд ва тарҳи зебою муосир аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба анҷом расидааст.
Боғи «Хуталон» дар масоҳати умумии беш аз 5 гектар бунёд гардида, дар ҳудуди он 200 бех дарахти кипариси лейландӣ, 240 можжевелник, 240 бех дарахтони ороишии шамшод, 90 бех сирен шинонида шуда, 24 фаввораи гуногунранги ороишӣ насб гардидаанд, ки ба атроф зебоии хосса зам намудаанд.
Баландии дарвозаи асосии боғи мазкур 6 метр ва паҳноияш 60 метрро ташкил дода, дар назди он ду таваққуфгоҳи нақлиёт ҷойгир мебошанд.
Инчунин 13 ҳазор метри мураббаи ҳудуди боғ асфалтпӯш гардида,13 метри дигари он сафолакпӯш карда шудааст.
Дар ин росто 100 ҳазор гулҳои ороишии гуногуни мавсимӣ ва бисёрсола дар боғи “Хуталон” шинонида шуда, 400 адад чароғаки равшанидиҳанда насб гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки барои солимӣ ва дилхушии кӯдакон ду майдончаи варзишӣ дар ҳудуди боғ ва як бинои қаҳвахона бо тарҳи муосир бунёд гардидаанд.
Болои марғзорону сабзаҳои боғ ҳайкалҳои палангу шутур, оҳу, кабкҳо баҳри рушди зеҳнии кӯдакон ва дӯст доштани муҳити зист ҷамъ оварда шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба корҳои навсозӣ баҳои баланд дода, масъулинро барои бунёди чунин як боғи муосир табрику муборакбод намуда, дастуру супориш доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд






