Профессор Абдураҳмон Муҳаммад: «Истиқлолияти сиёсӣ ҳудуди муайян ва фарҳанги якхелаи гурӯҳие мебошад, ки ҳувияти миллиро ташкил медиҳад»

Сентябрь 6, 2019 11:37

ДУШАНБЕ, 06.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар  шароити  тағйирпазирии  ҷомеа ва  вусъат бахшидани муносибатҳои  байналмилалӣ масъалаи соҳибистиқлолӣ муҳимияти хос  пайдо мекунад. Аз ин рӯ, намунаи  илмию амалӣ дар шарҳу баёни ин падида баромадҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз минбарҳои баланди  байналмилалӣ ва дигар таҳлилу таҳқиқи олимону пажӯҳишгарони соҳавӣ   шуда метавонанд. Ин матлабро ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ профессор Абдураҳмон МУҲАММАД   ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намудааст. Дар зер андешаҳои мавсуфро пешкаши хонандагони сомона мегардонем:

Президенти  мамлакат  «истиқлолиятро бо камоли итминон ва ифтихор марҳилаи  авҷи  худшиносӣ ва бедории  миллии тоҷикон» номидааст, ки  дарвоқеъ маънояш  волоияти  ҳокимияти давлатӣ  ва озодии аз ҳама баланду боло мебошад. Пас бояд дарк намуд, ки истиқлолият  арзишест, ки  решаи асосии  он  истиқлоли шахсӣ мебошад.

Барои ташвиқу тарғиби истиқлолияти сиёсӣ Пешвои миллат   вазъи ҷаҳони муосирро ба назар гирифта, дар  аксарияти вохӯриҳояшон ин вазъро таҳлил намуда, аз хавфу хатар ва таҳдидҳои   имрӯза ҳушдор медиҳанд.

Суханронии  Ҷаноби Олӣ  ба ифтихори   Рӯзи дониш як  намунаи суханвариест, ки барои  ташвиқу тарғиби моҳияти  истиқлолияти сиёсӣ ва худогоҳии миллӣ  муҳимияти хосса дорад. Пешвои миллат зикр намудаанд, ки    «равандҳои замони муосир аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг, расму ойин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита дар замири донишҷӯёну хонандагон таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми калидӣ дошта бошанд». Албатта,  чунин суханронӣ  ба меъёрҳои  илмию амалӣ  мутобиқ буда, барои  мактаби  илмҳои сиёсии  тоҷик  дарси ибрату таҳлил ва омӯзиш мебошад.

Президенти мамлакат дар шарҳи истиқлолияти сиёсӣ  на танҳо як суханвар ё таблиғгари  арзишҳои миллӣ, балки  ҳамчун  назарияпардози назарияҳои сиёсӣ мебошанд, ки мактаби  суханварии сиёсии эшон қобили  омӯзишу  пажӯҳиши  ҷомеашиносон бояд қарор гирад.

Ҳамчунин гуногунфаҳмии  мафҳуми  «Истиқлолият» ифодагари  мазмуни рамзӣ  ва  кайфияти  табъи рӯҳӣ  буда, дар забони тоҷикӣ  қариб, ки як маънои  пурраи истиқлолро  ифода мекунад. Аммо дар илмҳои сиёсии имрӯза ва дар Эъломияи СММ дар бораи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ барои муайян кардани раванди ташкили давлатҳои нав ду истилоҳ истифода бурда  мешавад: «истиқлолияти  олӣ» (суверенитет) ва «мустақилият» (независимость). Аз ҷумла, муайян карда мешавад, ки таъсиси давлати соҳибистиқлол ва соҳибихтиёр, ҳамроҳшавии озод бо давлатҳои мустақил ва ё барқароркунии дилхоҳ вазъияти сиёсии дигар ва озодии халқи муайян шаклҳои татбиқи ҳуқуқи худмуайянкунии ин халқ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ифодагари асосии давлати миллӣ-  истиқлолияти сиёсӣ ҳудуди муайян ва фарҳанги якхелаи гурӯҳие мебошад, ки дар маҷмӯъ ҳувияти миллиро ташкил медиҳад.

Албатта, истиқлолиятгароӣ маънои онро дорад, ки институтҳои бунёдӣ, ки мустақилияти иқтисодиву сиёсӣ ва суботи давлатро таъмин мекунанд, дараҷаи кофии истиқлоли он аз омилҳо, аз ҷумла  беруна вобаста мебошанд, вале на ҳама вақт бо эътирофи байналмилалии истиқлолияти давлатӣ хотима меёбанд. Масалан, Тайван, Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии  Халқии Луганск, Донетск ва ғайра, агарчи  онҳо истиқлолияти худро   эълон намудаанд, аммо  ин маънои  истиқлолияти томро надорад,чунки истиқлолияти онҳоро   на СММ ва на дигар кишварҳои  ҷаҳон  эътироф накардаанд.

Ҳамин тариқ, дар назарияи муосири сиёсӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ, фаҳмиши «истиқлолияти олӣ» ва «мустақилият» якхела нестанд. Таҷрибаи сиёсии баъдишӯравӣ ин мавқеи назариявиро тасдиқ мекунад. Чуноне  ки маълум аст, давлати соҳибистиқлоли муосир ё давлатҳои нави мустақил (собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ) дар натиҷаи фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ ташкил ёфтаанд. Худи ин фурӯпошӣ дар ду марҳила ба поён расид:

Якум–гурӯҳи истиқлолиятҳое, ки дар он изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатӣ қабул  гардиданд, афзалияти қонунҳои ҷумҳуриявӣ нисбат ба қонунҳои шӯравӣ ва рад кардани пардохти андоз ба буҷети иттифоқҳо эълон карда шуданд, рамзҳои нав ва дигар атрибутҳои давлатӣ ҷорӣ карда шуданд;

Дуюм — эълони истиқлолияти комил, эълон кардани ҷумҳуриҳо ҳамчун давлатҳои мустақил ва эътирофи байналмилалии онҳо мебошад.

Ҷамъбаст ва фарқиятҳои таҳқиқоти назариявии категорияҳои бо ҳам алоқаманд- «истиқлолияти олӣ» ва «мустақилият» бояд равшан муайян карда шаванд:

Якум, мустақилиятро эълону истиқлолияти олиро  эътироф мекунанд;

Масалан, давлат истиқлолияташро эълон мекунад, аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад онро эътироф  накунад. Аммо вақте, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мустақилияти давлатро эътироф менамояд, дар ин сурат истиқлолият метавонад комил бошад. Бе соҳибихтиёрӣ  истиқлолияти комил вуҷуд дошта наметавонад.

Дуюм, истиқлолият метавонад тақсим карда шавад, маҳдуд карда шавад ва ғайра, дорои андозаи муайяне, ки аз вазъи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, аз вазъияти босуботи  иҷтимоию сиёсӣ дар кишвар, аз амнияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ва таҳкими кафолати онҳо дар сатҳи некӯаҳволии мардум вобаста аст.

Сеюм, доштани мақоми давлати мустақил ба ин кишвар имкон медиҳад, ки мустақилона андозаи истиқлолияти худро муайян кунад, маҳдудтар ва ё васеъ кардани салоҳиятҳои худро тавассути қисми ғайриқонунии истиқлолияти сохторҳои миллӣ  дар навъҳои гуногуни иттиҳодияҳои байнидавлатӣ муайян намояд.

Бояд тазаккур дод, ки  Пешвои миллат 1 сентябри соли равон дар баромадашон  дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба ҷавонон ва шаҳрвандони мамлакат муроҷиат намуда, дар бораи  дӯст доштани Ватан ва  тақлид ба  сару либосу  хулқу атвори бегонапарастӣ хеле одилона накӯҳиш намуданд, ки ин  ба истиқлолияти  фикрӣ ҳамчун як фалсафаи зиндагӣ ва эҳтиёҷоти он дар баробари  истиқлолияти сиёсию  иқтисодӣ таваҷҷуҳ ва ё нигоҳи  нав   мебошад.

Ба  назари ман, барои  Тоҷикистони  соҳибистиқлоли мо  ҳисси эътимод ба нафс ва қиём ба зоти  истиқлоли фикрӣ хеле муҳим ва саодатмандии баркамол аст.

Сентябрь 6, 2019 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»