Сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон нишасти матбуотӣ доир намуданд

Сентябрь 4, 2019 14:50

ДУШАНБЕ, 04.09.2019 /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз, 4  сентябр  бо иштироки  хабарнигорони ВАО дар меҳмонхонаи  «Ҳайат Реҷенси»-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотии  пеш аз бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 миёни сармураббиёни  дастаҳои  мунтахаби  футболи  Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд. Дар ин бора  мухбири АМИТ «Ховар»  Меҳрони Қурбон   бо истинод ба  Федератсияи  футболи Тоҷикистон хабар  медиҳад.

Нахуст сармураббии рустабори  дастаи  мунтахаби  Қирғизистон Александр Крестинин ба  хабарнигорон  чунин гуфт:

«Пеш аз ҳама, ба Тоҷикистон барои истиқболи гарму самимӣ ташаккур мегӯям. Тавре ба ҳамагон маълум аст, фардо бозиҳои нахустини марҳилаи гурӯҳии даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оғоз мешаванд. Ҳар дастае, ки иштирокчии гурӯҳи «F» аст, мехоҳад нахустин рақобаташро бо пирӯзӣ оғоз кунад. Инро  танҳо вақт нишон медиҳад ва 5 сентябр, соати  19:00   мебинем, ки дар майдон кӣ пирӯз мешавад».

Баъдан сармураббии  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон  Усмон Тошев зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки «ҳар дастае, ки ба майдон мебарояд, бояд бо худ мақсади муайян дошта бошад. Мо тамринҳоро хуб оғоз кардем ва ин бегоҳ охирин машқи худро пеш аз бозӣ баргузор мекунем. Дар мавриди ҳайати асосӣ ҳоло ман чизе гуфта наметавонам. Ҳайати асосӣ танҳо як соат пеш аз бозӣ маълум мешавад. Мо танҳо барои пирӯзӣ мубориза мебарем. Зимни  тамринҳо мо мушоҳида намудем, ки рӯҳияи бачаҳо болида аст ва дар байни онҳо ягон нофаҳмӣ нест. Бачаҳои мо пурра ба бозӣ бо дастаи  мунтахаби  Қирғизистон омода ҳастанд. Аз кулли мухлисони тоҷик, ки онҳо дар майдон футболбози 12-ум ба шумор мераванд, даъват ба амал меорам, ки фардо ба Варзишгоҳи марказӣ омада, бачаҳоро дастгирӣ кунанд».

Сентябрь 4, 2019 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) рӯзи сеюми тамринҳоро дар Давҳа ба анҷом расонид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
ФУТБОЛ. Бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ФУТБОЛ. «Истиқлол» дар бозии дӯстона дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Чаҳор довар аз Тоҷикистон дар қисми финалии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) ҳакамӣ менамоянд