ТАҲСИЛИ НАВИ ШУМО МУБОРАК! Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон соли нави хониш бо Дарси сулҳ оғоз гардид

Сентябрь 1, 2019 09:32

ДУШАНБЕ, 01.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чун анъана ҳамасола дар арафаи бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ- солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар саросари Ватанамон Рўзи дониш бо шукўҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз низ дар ҳамаи дабистонҳои мамлакат Рӯзи дониш таҷлил гардида, бо садо додани занги аввал ва Дарси сулҳ оғози соли нави таҳсил эълон гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ  дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72 — и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор дошт ва ба шодиву хурсандии хонандагону омӯзгорони ин мактаб  шарик гардид.

Ҷамъомади тантанавии ин муассисаи таълимӣ бахшида ба Рӯзи дониш бо тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил оғоз гардид.

Сипас, дар саҳни мактаб хонандагону омӯзгорон ҷамъ омаданд ва аз баландгӯяки мактаб шеъри хеле машҳури Абдусалом Деҳотӣ «Эй булбулакони боғи дониш»  баланд ва мутантан садо дод:

Эй булбулакони боғи дониш,
Шодона таронаҳо муборак!
Боз омадааст фасли хониш,
Таҳсили нави шумо муборак!

Тавре ҷонишини директор оид ба синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72 — и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сабоҳат Сангинова иброз дошт, дар соли нави таҳсил мактаби мазкур дари худро ба рӯи 1800 нафар боз намудааст. Аз ин теъдод 118 нафарашонро хонандагони синфи якум ташкил медиҳанд, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам мениҳанд.

«Дар муасссисаи мо омӯзгорони ботаҷриба хонандагонро ба ҷараёни таълиму тарбия  фаро мегиранд. Онҳо барои соли таҳсили нав омодагии хуб дида, бо рӯҳияи тозаву масъулияти баланд соли хонишро оғоз намуданд»,-изҳор дошт ҷонишини директор.

Ба андешаи мавсуф, баргузории Дарси сулҳ имкон фароҳам меорад, ки хонандагон аз рӯзи аввали таҳсил оид ба моҳияти волотарин арзиши миллӣ-Истиқлолияти давлатӣ огоҳӣ пайдо намоянд.

Аён гардид, ки тамоми синфхонаҳои муассисаи мазкур таъмир  шуда, бо таҷҳизоту воситаҳои таълимӣ, компютеру тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ҳамчунин дар ин муассиса барои  омӯзиши  дарсҳои забони англисӣ ва русӣ  барои хонандагон тамоми шароити таълимӣ фароҳам оварда шудааст.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  имсол   220 ҳазор нафар хонанда ба синфи якум қабул гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр ҳамчун  Рӯзи дониш  дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷлил гардида,  соли нави хониш дар ин рӯз бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Таърихи пайдошавии ин рӯз ба  даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рабт дорад. Бори аввал  соли 1984  дар Иттиҳоди Шӯравӣ расман якуми сентябр  ҳамчун Рӯзи дониш эълон  ва таҷлил  гардида буд.

Ин анъана то ба имрӯз идома дорад. Соли равон бо сабаби ба рӯзи истироҳатӣ, яъне якшанбе рост омадани 1 сентябр дар баъзе аз давлатҳо рӯзи дониш 2 сентябр таҷлил мегардад.

Сентябрь 1, 2019 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид