ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, сешанбе, 246-умин рӯзи соли 2019 аст
3 сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи сеюми умумиҷаҳонӣ бахшида ба проблемаҳои иқлим дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария суханронӣ карданд.
***
18 сол пеш, 3 сентябри соли 2001 дар Тоҷикистон тангаҳои арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25 ва 50-дирамӣ ба муомилот бароварда шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он беш аз 10 масъалаи муҳим, аз ҷумла маърўзаи таҳлилӣ — «Натиҷаҳои фаъолияти 20–солаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вазифаҳои он барои дурнамо» баррасӣ шуданд.
3 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи авиатсияи тоҷик.
***
Дар Тоҷикистон – Рӯзи Гвардияи миллӣ.
***
Дар Австралия – Рӯзи парчам.
***
Дар Қатар – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
3 сентябри соли 2010 Фурудгоҳи низомии Айнии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
***
3 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи дӯстонаи артиши давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
2 сол пеш, 3 сентябри соли 2017 дар шаҳри Пекин Ҳамоиши иқтисодӣ – сармоягузории Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, роҳҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ дар рушди муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Япония баррасӣ шуданд.
***
3 сентябри соли 1910 дар Венгрия клуби футболи «Гонвед» таъсис дода шуд.
***
Зиёда аз як аср муқаддам, 3 сентябри соли 1914 ИМА бетарафии худро нисбат ба Ҷанги якуми ҷаҳон эълон кард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1933 аввалин маротиба қуллаи баландтарини собиқ ИҶШС- қуллаи Сталин (ҳоло қуллаи Исмоили Сомонӣ-7495 м) аз ҷониби кӯҳнавардон фатҳ гардид.
***
Соли 1924 аввалин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гандбол баргузор шуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад