Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Ню-Йорк чанд мулоқоти судманд доир намуд
ДУШАНБЕ, 27.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндагони воломақоми Мексика, Венгрия ва Канада мулоқотиу ворӯриҳо анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.
26 сентябр Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Мексика оид ба корҳои хориҷӣ Хулиан Вентура Валеро вохӯрӣ намуд.
Ҷонибҳо дурнамои масоили ҳамкории дуҷонибаи байни ду кишвар ва роҳҳои таҳкими онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин ҷонибҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Мексика оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд.
Дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Венгрия Петер Сзийярто, ки 26 сентябр доир гардид, ҷонибҳо роҳҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва илмиро муҳокима намуданд.
Инчунин зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори назар карда шуд.
Дар фарҷоми мулоқот ду санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд:
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Венгрия оид ба ҳамкории иқтисодӣ;
Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва савдо, захираҳои инсонӣ ва инноватсия ва технологияи Венгрия барои солҳои 2019-2020.
Инчунин 26 сентябр Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Фиристодаи вежаи Ҳукумати Канада ба иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ, собиқ сарвазир Чарлз Ҷозеф Кларк вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳо ва роҳҳои тақвияти ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла масъалаҳои об, энергетика, технология ва маориф мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин ҷонибҳо дар масоили ҳамкорӣ дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
АКС: ВКХ ҶТ









Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






