Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов бори аввал аз Тоҷикистон дидан намуд

Сентябрь 26, 2019 13:56

 ДУШАНБЕ, 26.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25  сентябр  Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов ва ҳайати ҳамроҳонаш бо сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов дар зарфи 28 соли соҳибистиқлолии давлати мо бори нахуст бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон дидан намуд.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шералӣ Мирзо зимни сафар меҳмононро ҳамроҳӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  аз факултети ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа   дидан намуд. Зикр гардид, ки Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа соли 2004-ум таъсис ёфта, дар ҳайати он ду кафедра ва ротаи шашуми таълимии курсантӣ амал мекунанд.

Дар ин факултет, ки таълим аз рӯи ҳафт ихтисос ба роҳ монда шудааст, асосан мутахассисони соҳаи авиатсияи ҳарбӣ омода карда мешаванд.

Ҳамчунин зимни сафари якрӯзаи хеш меҳмони олиқадр аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии Алишер Навоӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бори нахуст соли гузашта дар вилояти Суғд амалиёти ҳарбию техникии Тоҷикистону Ӯзбекистон гузаронида шуд.

Имсол амалиёти ҳарбию техникӣ ва машқҳои низомӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида мешаванд.

Сентябрь 26, 2019 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад