Вазорати маориф ва илм дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон толори муосири варзишӣ бунёд мекунад

Сентябрь 5, 2019 10:41

ХОРУҒ, 05.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки барои хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон толори замонавии варзишӣ бунёд намояд. Хонандагон минбаъд дар фасли зимистон ҳам метавонанд ба тамрини намудҳои гуногуни варзишӣ машғул шаванд. Зеро пас аз як моҳ сохтмони толори муосири варзишӣ дар назди ин муассисаи таълимӣ ба поён мерасад. Толор аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввал хонандагон аз рӯи намудҳои  волейбол, баскетбол ва футболи хурд тамрин мекунанд. Дар ошёнаи дуюм дӯстдорони шоҳмот, шашка, тенниси рӯимизӣ машқ хоҳанд кард.

Директори муассисаи мазкур Шавқат Ғоибназаров бо изҳори сипос аз Вазорати мориф ва илми ҷумҳурӣ баён дошт, ки «чунин толори муосиру барҳаво ба мо имконият медиҳад, ки на танҳо байни хонандагон аз намудҳои гуногуни варзишӣ мусобиқа баргузор намоем, балки варзишгарони навраси вилоят ва ҷумҳуриро ба мусобиқа даъват кунем».

Дар толори мазкур барои мухлисон низ 100 ҷои нишаст муҳайё кардаанд.

Барои бунёди толори мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷудо гардида, даҳаи аввали моҳи октябр он ба истифода дода мешавад.

Муҳандиси  Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Бунёд” Ҳокимшо Манзаршоев суханони роҳбари таълимгоҳро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки  70 фоизи корҳои сохтмониро ба анҷом расондаанд ва азбаски тамоми маводи сохтмонӣ сари вақт дар ихтиёри коргарон  гузошта шуд, онҳо бо истифода аз ин шароит баъди як моҳ толорро бо сифати хуб мавриди истифода қарор медиҳанд. Бинокорон, ки ҳоло теъдодашон 20 нафар аст, аз андозаи музди меҳнати худ, ки 1000- 1200 сомонииро ташкил медиҳад, қаноатманд мебошанд.

Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев бунёди чунин толорҳои замонавиро самараи Истиқлолияти давлатӣ дониста, аз ҷумла чунин гуфт: «Дар даҳ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 12 толори муосири варзишӣ бунёд гардиданд. Чунин шароит барои баргузор кардани мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ имконияти васеъ фароҳам овард. Агар даҳ сол пеш дар вилоят ҳамагӣ як мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир мегашт, акнун ҳамасола аз 5 то 7 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намудҳои мухталифи варзишӣ баргузор мегарданд. Танҳо соли равон дар вилоят 10 мусобиқаи сатҳи ҷумҳурӣ гузаронида шуданд, ки дар онҳо бештар аз 1000 нафар  варзишгарон ширкат намуданд».

 

 

Сентябрь 5, 2019 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид