WITAMY! – ХУШ ОМАДЕД! Дар Душанбе шоми дӯстии Тоҷикистону Полша доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, аҳли илму адаб ва мухлисони зиёди фарҳанги ин давлат Шоми дӯстии Тоҷикистону Полша доир гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф хабар медиҳад, дар даромадгоҳи театр намоиши аксҳои суратгири машҳур Леон Баршчевски доир ба Тоҷикистон барои дӯстдорони санъати аккосӣ ба маъраз гузошта шуд. Леон Баршчевскии поляк полковники артиши рус, сайёҳ ва суратгири моҳири асри XIX мебошад.
Дар намоишгоҳ як зумра аксҳои беназири дар Осиёи Марказӣ, асосан дар Самарқанд, минтақаҳои Ҳисору Дарвоз гирифтаи суратгир ба намоиш гузошта шуданд.
Бояд гуфт, ки Леон Баршчевски бунёдгузори Осорхонаи этнографии Самарқанд низ ба шумор меравад.
Баъд аз тамошои намоиш барномаи фарҳангӣ шурӯъ гардид. Онро муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён ва иҷрокунандаи муваққатии вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамашу Коллад оғози расмӣ бахшида, баргузории ин барномаи фарҳангиро таҳкимбахши робитаҳои соҳавии ду давлат арзёбӣ намуданд.
«Бисёр хурсандиовар аст, ки дар ин театри зебову барҳаво консерти дӯстии Тоҷикистону Полша баргузор мегардад. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол басо сарфарозанд, ки тавассути сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои фарҳангии мамлакатамон ҳамеша пур аст. Робитаҳои фарҳангӣ рӯз аз рӯз бо давлатҳои дунё беҳтар мегарданд, ки далели ин гуфтаҳо баргузории Шоми дӯстии имшаба мебошад»,-иброз дошт Обид Назариён.
Иҷрокунандаи вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамашу Коллад иброз намуд, ки «рушди муносибатҳо миёни Полша ва Тоҷикистон асоси таърихӣ ва ояндаи дурахшон дорад. Ин робитаҳоро метавон бо роҳи баргузор намудани барномаҳои фарҳангию фароғатӣ тақвият бахшид. Инчунин робитаҳои дуҷонибаи давлатҳои мо дар самтҳои гуногун рушд карда истодаанд, ки ин аз таваҷҷуҳи бевоситаи сарони ду давлат сарчашма мегирад. Итминон дорам, ки санъаткороне, ки ба ин ҷо ташриф овардаанд, табъи шуморо болида мегардонанд».
Дар барномаи мазкур сарояндаи номии поляк Анита Фигел ва ҳунарпешаҳои Ансамбли рақси миллии назди Академияи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Юзеф Пилсудскии Ҷумҳурии Полша рақсу суруд ва оҳангҳои халқиву анъанавӣ, инчунин санъати касбиашонро манзури тамошобинони тоҷик намуда, сазовори кафкӯбии сершумори мухлисон гардиданд.
Ба барномаи фарҳангии мазкур ансамбли рақсии «Парасту» ва ҳунармандони ҷавонону соҳибистеъдоди тоҷик ҳусни дучанд бахшиданд.
Зарангези ЛАТИФ,
Мақсудҷони МУҲИДДИНҶОН,
АМИТ «Ховар»



















Нашриёти «Орван» китоби «Ҳазор марворид»-ро ба нашр расонид
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон маротибаи аввал озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
ХУТАЛИ ҚАДИМ — ПОЙГОҲИ ЗУҲУРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 41 ҳазор нусха китобҳои камистифодашаванда ва нодир нигоҳдорӣ мешаванд
РАҚАМИКУНОНИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар таҳрири нав таҳия мегардад
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад
Бахшида ба фаъолияти эҷодии Дона Баҳром ҳамоиши илмӣ –фарҳангӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон солҳои 2026-2030 «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» эълон гардид
Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо намуданд
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад






