Заррина Зуҳурова: «Баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ аст»

Сентябрь 18, 2019 16:27

ДУШАНБЕ, 18.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Панҷоҳ фоизи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро /ҲХДТ/ занон ташкил дода, онҳо дар рушд ва пешбурди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат нақши муҳим мегузоранд. Ин аст, ки баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ мебошад. Ин нуктаро мудири шуъбаи  кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурова дар ҳамоише, ки   имрӯз таҳти унвони  «Нақши  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар баланд бардоштани  мақоми зан дар ҷомеа» дар пойтахт доир гардид,  иброз дошт.  

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш ба ифтихори 25-умин солгарди таъсиси ҲХДТ  бо ибтикори  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар шаҳри Душанбе  таҳти шиори «Вохӯрии ду насл» баргузор гардида, дар он  кормандони Кумитаи  иҷроияи ҳизбии шаҳр,  мудирони шуъбаҳои кор бо занони кумитаҳои иҷроияи  ҳизбии ноҳияҳо, занони роҳбар,  собиқадорони  ҳизбу меҳнат ва фаъолзанону духтарон иштирок  намуданд.

Зикр гардид, ки  ҳадаф аз баргузории ҳамоиш  омӯзиши таҷрибаи бонувони фаъол,  тарбия ва ба камол расонидани ҷавондухтарон дар рӯҳияи  ватандӯстӣ, илму ҳунаромӯзӣ, огоҳ намудани онҳо аз санадҳои  меъёрию ҳуқуқии  марбут ба  баланд бардоштани   мақоми зан дар ҷомеа ва ба ин восита  омода намудани  онҳо барои вазифаҳои роҳбарӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки ҲХДТ, ки соли равон аз таъсисаш 25 сол сипарӣ мегардад, фаъолияти худро  барои таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдкорию шукуфоии ҷомеаи навини Тоҷикистон нигаронида, дар тақвияти фаъолияти он занону духтарон нақши арзанда доранд.  Аз 484 ҳазору 437 нафар аъзои ҲХДТ 232  ҳазору 343 нафарашро занон ташкил  медиҳанд.

Зикр шуд, ки Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа тадбирҳои судманд меандешанд. Ин аст, ки  ҳанӯз  20 сол муқаддам,  моҳи декабри соли 1999  Фармони Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Дар бораи  тадбирҳои  баланд бардоштани мақоми  зан дар ҷомеа» ба имзо расид, ки санади  мазкур аз ғамхории Пешвои миллат нисбат ба занону духтарон, баланд бардоштани нуфуз ва фаъолгардонии онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ва сарварӣ  шаҳодат медиҳад.

Дар ҳамоиш аъзои Маҷлиси миллӣ, шоира Меҳринисо, вакили Маҷлиси намояндагон Фирӯза Шарифӣ, собиқадорони ҳизб ва меҳнат  Муҳаррама Қаюмова, Марҳабо Ҷабборӣ ва дигар фаъолзанон  роҷеъ ба баланд бардоштани  фаъолияти  иҷтимоии  занон  дар ҳаёти ҷамъиятӣ, дастгирии фаъолияти  Шӯрои занон  оид ба таҳикими сулҳ   ва сулҳофарӣ  дар назди Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, тақвияти фаъолияти  ҲХДТ аз ҳисоби занону духтарони фаъол, омода намудани  бонувони сарвар ва дигар паҳлуҳои роҳи тайнамудаи  ҲХДТ табодули назар карданд.

Таъкид шуд, ки ҲХДТ 25 сол муқаддам дар давраи хеле ҳассоси таърихӣ  таъсис дода шуда, бо саъю талоши Сарвари ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи сиёсиашро дар ҷомеаи Тоҷикистон  тақвият бахшид ва он имрӯз ба ҳайси неруи бузурги пешбаранда  дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, бунёдкорию созандагӣ ва бунёди Тоҷикистони муосиру дунявӣ нақши муҳим мегузорад.

                                                Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 18, 2019 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд