Андозсупорандагони беҳтарини соли 2019 муайян шуданд

Октябрь 2, 2019 11:03

ДУШАНБЕ, 02.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. ҶСК «Сементи Тоҷик», ҶДММ «Тоҷикистону Америка корхонаи муштараки Анзоб», Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», ҶСП «Халиқ Бонк Тоҷикистон», ҶСК «НБО Сангтӯда – 1», Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии президентӣ», ҶДММ «Мегаполис Тоҷикистон», ҶСП «Беҳдоштӣ», ҶСП «ТТ Мобайл» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» аз корхонаҳое мебошанд, ки соҳиби дипломи «Андозсупорандаи беҳтарин-2019» гардидаанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки маросими тантанавии супоридани дипломи «Андозсупорандаи беҳтарин-2019» ва Ифтихорнома дар доираи омодагиҳо ба Рӯзи соҳибкорон имрӯз, 2 октябр дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Бино ба маълумоти роҳбарияти Кумитаи андоз, дипломи «Андозсупорандаи беҳтарин-2019» ва Ифтихорнома ба андозсупорандагоне, ки қонунгузории андозро софдилона иҷро намуда, дар рушди иқтисодиёт ва қисми даромади буҷети давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд, супорида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 14 октябри соли 2014 дар мулоқот бо соҳибкорон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки минбаъд ҳар сол 14 октябр ҳамчун Рӯзи соҳибкорон таҷлил карда шавад.

Ҳайати мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманднамоии соҳибкорон дар асоси омӯзиши нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ оид ба дуруст ҳисоб ва пурраву сари вақт ба буҷети давлатӣ пардохт намудани маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ; ноил гардидан ба фоиданокии баланд дар фаъолият ва дар эъломияҳои андозӣ дуруст дарҷ намудани он; саҳми субъектҳои хоҷагидор дар рушди иқтисодиёти кишвар; саҳми субъектҳои хоҷагидор дар ғановати буҷети давлатӣ ва саҳми субъектҳои хоҷагидор дар инкишофи соҳаи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо номгўи 10 субъекти хоҷагидорро ҳамчун «Андозсупорандаи беҳтарин-2019» муайян намуд, ки онҳо дар муқоиса ба дигар субъектҳои хоҷагидор нишондиҳандаҳои нисбатан беҳтар доштанд.

Инчунин бо назардошти нишондиҳандаҳои дар боло номбаршуда боз ба 39 корхона Ифтихорномаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Дар доираи маросими дипломсупорӣ инчунин дар мавзӯи «Мониторинги горизонталӣ ҳамчун усули ташаккул додани муносибатҳои шариконаи мақомоти андоз бо андозсупорандагон» мизи мудаввар баргузор карда шуд. Дар мизи гирд муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода, муовинони Раиси Кумитаи андоз, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, Нозироти андозсупорандагони калон, Нозироти андозсупорандагони миёна, роҳбарони корхонаҳо ва  намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омода намудани лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав Гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.  Ҳангоми омода намудани лоиҳа, пеш аз ҳама, бояд идеологияи Кодекси андоз тағйир дода шуда, муқаррароти он ба самти дастгирии андозсупорандаи бомасъулият ва ҳавасманднамоии он, инчунин, ба содагардонии маъмурикунонии андоз нигаронида шавад.

Дар навбати худ роҳбарони корхонаҳо барои дастгирии соҳибкорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуда, барои доир намудани чунин маросим ва қадрдонӣ гардидани фаъолияти соҳибкории онҳо ба роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид намуданд, ки кӯшиш менамоянд минбаъд низ қонунгузории андозро риоя намуда, дар рушди иқтисоди мамлакат, ғановати буҷети давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ саҳмгузор бошанд.

Инчунин ба 38 субъекти хоҷагидор Ифтихорномаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Октябрь 2, 2019 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Пагоҳ дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузорӣ оғоз меёбад
Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии «Digital Tajikistan» оғоз гардид
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 131 ҳазор тонна пешбинӣ гардидааст
РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар самти муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили лимӯ оғоз шуд
Имсол ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 40 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Байни Тоҷикистон ва Русия дар самти амнияти иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазирони рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Русия амалисозии Харитаи роҳ оид ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро зарур шумориданд
Доир ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нақлиёт санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон барои рушди зеҳни сунъӣ тадбирҳои амалӣ меандешад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Шумораи сайёҳон аз Русия ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст»