Аз таъсиси «TВ TОҶИКИСТОН» 60 сол сипарӣ гардид. Саҳми он дар ташаккули фарҳанг ва маънавиёт муассир аст

Октябрь 3, 2019 09:44

ДУШАНБЕ, 03.10.2019/АМИТ  «Ховар»/.  Имрӯз,  3 октябр аз таъсиси Телевизиони  Тоҷикистон 60 сол сипарӣ гардид. Дар робита ба ин дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» бо  иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён ва собиқадорону кормандони телевизион дар мавзӯи «Нақши Телевизиони Тоҷикистон дар инъикоси дастовардҳои замони истиқлол» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз «Академияи ВАО-и Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи хабари сарчашма, директори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон», раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш изҳор дошт, ки нақши Телевизиони Тоҷикистон дар тарбияи кадрҳои соҳибтахассуси соҳаи рӯзноманигорӣ бузург аст.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абуҷаббор Раҳмонзода аз талошҳои роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати рушди соҳаи телевизион ёдовар шуда, изҳор намуд, ки кормандони эҷодию техникии телевизион бояд аз технологияи муосир ва шароити фароҳамомада барои пешрафти бахши телевизион ва пешниҳоди барномаҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон истифода намоянд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зикр намуд, ки телевизион ва фарҳанг бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд ва саҳми телевизион дар ташаккули  фарҳанг ва маънавиёт муассир аст. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён  аз таърихи гузаштаи телевизион ёдовар гардида,  иброз дошт, ки феълан телевизион яке аз бахшҳои муҳими инъикоси ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад. Бинобар ин масъулияти ҳар як нафар корманди соҳа барои расонидани иттилои саҳеҳу дақиқ дар назди ҷомеа боз ҳам бештар мебошад.

Дар ҳамоиш аввалин наттоқи Телевизиони Тоҷикистон Рафоат Абдусаломова ва собиқадори соҳа Искандар Мирзоев аз хотираҳои худ роҷеъ  ба фаъолият дар телевизион ёдовар гардиданд.

Дар анҷоми ҳамоиш собиқадорон ва кормандони соҳаи телевизион бо нишони “Аълочии телевизион ва радио”, Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Бояд зикр кард, ки дар Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 аввалин бор Студияи телевизиони Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд, ки ин рӯйдоди беназири фарҳангӣ дар ҳаёти кишвар буд. Барномаҳои аввалини телевизион асосан таҷрибавӣ буданд. Барномаи иттилоотии «Ахбор» аз 3 дақиқа иборат буда, ҳамчунин дигар филмҳои кӯтоҳметражи ҳуҷҷатию тасвирӣ намоиш дода мешуданд. Намоишҳои аввалини Телевизиони Тоҷикистон қариб якуним соат давом мекард. То охири соли 1960-ум ҳаҷми барномаи иттилоотии «Ахбор» 10 дақиқа ва ҳаҷми умумии барномаҳои ҳаррӯза ба 3 соату 30 дақиқа расонида шуд. 2 феврали соли 1960 студияи сайёри телевизионӣ (ССТ) ба фаъолият сар кард. Телевизиони Тоҷикистон аз 1 июли соли 1960 пахши намоишҳоро ҳамарӯза амалӣ намуд. Сипас сохтмони хатҳои радиореле (РРЛ-бунгоҳҳои техникии қабулкунандаи аломат (сингал)) оғоз ёфт. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 1962 шумораи телевизорҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он 29 ҳазор ададро ташкил медод. Охири соли 1962 хатти радиорелеи Душанбе-Кӯлоб мавриди истифода қарор гирифт, дар Қӯрғонтеппаю Тошработ ретрансляторҳои телевизионӣ гузошта шуданд, ки аҳолии Кӯлобу водии Вахш имконияти тамошои Телевизиони Тоҷикистонро пайдо намуданд.  Фаъолияти телевизионҳо дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар рушд ёфт ва алҳол пешбури фаъолияти ин соҳаро Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. Дар ин давра шабакаҳои телевизионии «Телевизиони Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Варзиш», «Синамо», «Футбол» ва «Шаҳнавоз» таъсис ёфтанд.

Пахши барномаҳо дар шабакаҳои мазкур мувофиқ ба талаботи имрӯза дар формати HD ба роҳ монда шудааст, ки ин омил имконият медиҳад намоишҳо бо сатҳу сифати баланди садову симо ба тамошобин пешкаш гарданд. Дастгоҳҳои наворбардорӣ, танзим ва пахши барномаҳо бо ин формати навтарини технологияи коммуникатсионӣ фаъолият менамоянд, ки аз дастовардҳои навтарини техникаи соҳаи телевизионӣ мебошад. Барномаҳои шабакаҳои навтаъсиси телевизиони «Варзиш» ва «Синамо»- ро дар якчанд давлати дунё ба воситаи моҳвора тамошо намуда, наздики 60 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз пахши рақамӣ аз ин намоишҳо бархӯрдоранд.

Яке аз дастовардҳои дигари соҳаи телевизион дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба пахши рақамӣ гузаштани он мебошад. Бо ин мақсад таҷҳизоти марказии пахши барномаҳои телевизиони Тоҷикистон пурра иваз гардида, дигаргуниҳо дар системаи танзим ва пахши барномаҳо дар якҷоягӣ тавассути компютерҳо ба ҷо оварда мешаванд.  Дар Телевизиони Тоҷикистон дар студияи якум таҷҳизоти (20.8 Х 14 Х 8) иваз карда шуд. Айни ҳол телевизони Тоҷикистон 97 фоизи аҳолии ҷумҳуриро фаро мегирад ва барномаҳои онро тавассути моҳвораи LMI-1 сокинони мамлакатҳои Осиё ва Аврупо- аз Япония то Франсия ва як қисми Африқо метавонанд тамошо намоянд.

Тибқи иттилои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии барномаҳои шабакаҳои давлатии Телевизиони Тоҷикистон, «Сафина», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», «Варзиш», «Синамо» — 56,86 % ва фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши аналогии барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион дар ҳамин давра — Телевизиони Тоҷикистон- 99,72 %, «Сафина» — 99,7 %, «Баҳористон» — 89,01 %, «Ҷаҳоннамо» — 78,96 % мебошад.

                                        Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар».

Роҳбарият ва ҳайати кормандони АМИТ «Ховар» тамоми аҳли қалам ва кормандони техникии шабакаҳои телевизионҳои Тоҷикистонро бо санаи фархунда- таъсиси нахустин шабакаи телевизион дар мамлакат табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва комёбӣ орзуманданд.

Октябрь 3, 2019 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад