Бонки миллии Тоҷикистон: «Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,5 фоизро ташкил дод»
ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ бозгӯи онанд, ки дар зарфи нуҳ моҳи соли равон таваррум дар мамлакат дар сатҳи нисбатан муътадил нигоҳ дошта шуда, ба 6,5 фоиз баробар шуд. Ин матлаб дар ҷаласаи ҷамъбастии Бонки миллии Тоҷикистон зикр гардид.
Дар ҷаласа Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода доир ба вазъи низоми бонкии Тоҷикистон сухан карда, гуфт, ки дар ин давра Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро ҷиҳати суботи молиявӣ, татбиқи ислоҳот дар самти сиёсати пулию қарзӣ, ҷоннок намудани фишангҳои монетарӣ ва дар ин робита нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок равона намуд.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода таваҷҷуҳи аҳли ҷаласаро ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо ҷалб намуда, аз тадбирҳои андешидашуда дар ин самт натиҷагирӣ кард. Гуфта шуд, ки бо мақсади татбиқи иқдоми Пешвои миллат оид ба таъмини рушди соҳибкорӣ бо роҳи паст кардани меъёри фоизи қарз, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар натиҷа меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо пули миллӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2019 нисбат ба нуҳ моҳи соли гузашта ба андозаи 6,4 банди фоизӣ паст гардида, 22,1 фоизро ташкил намуд. Меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо дар ин давра бо асъори хориҷӣ 15,5 фоизро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 банди фоизӣ паст шуд.
Бо дахли пешниҳоди маблағгузориҳои қарзӣ барои рушди соҳибкорӣ зикр гардид, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар давраи ҳисоботӣ додашуда 39,9 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 2 671,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 980,9 млн. сомонӣ ё 58,0 фоиз зиёд аст.
Зикр гардид, ки дар ин давра дар мамлакат як қатор ташкилотҳои нави қарзӣ, назири Бонки исломии Тоҷикистон- «Тавҳидбонк», Бонки «Арванд», «Васл» ва дигар марказҳои хизматрасонии бонкӣ баҳри беҳтар намудани сифати хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ ва рушди низоми бонкии мамлакат таъсис дода шуданд.








Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1085 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд






