Дар доираи бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2022 миёни дастаҳои миллии Тоҷикистон ва Япония нишасти матбуотии пеш аз бозӣ баргузор мешавад

Октябрь 14, 2019 08:28

ДУШАНБЕ, 14.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар арафаи бозии даври чаҳоруми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи F байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Япония нишасти матбуотии пеш аз бозӣ баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад.

«Нишаст дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» баргузор шуда, соати 11:30 оғоз мешавад», — гуфта мешавад дар хабарномаи ФФТ.

Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббиҳои дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Япония Усмон Тошев ва Хадзимэ Мориясу посух хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, ки ки бозии даври чоруми мусобиқоти интихобии Чемпионати Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи F байни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Япония 15 октябр, соати 17:15, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе баргузор мешавад.

Нархи чиптаҳои даромадгоҳ ба ҳамаи гӯшаҳои варзишгоҳ (ғарбӣ, шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Октябрь 14, 2019 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд