Дар Душанбе ҷаласаи сайёри гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД доир мешавад

Октябрь 25, 2019 09:52

ДУШАНБЕ, 24.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳамоҳангсозони миллӣ оид ба Афғонистон ҷаласаи сайёри гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон  дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор мегардад.

Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуд, ки  дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ Намояндагони Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ иштирок менамоянд.

«Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба вазъи низомӣ-сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин тадбирҳои аз ҷониби СААД андешидашуда оид ба кам кардани таҳдид ба амнияти давлатҳои узви Созмон, ки аз қаламрави ин кишвар ба вуҷуд меоянд ва тасдиқи нақшаи кории минбаъдаи гурӯҳ баррасӣ гарданд»,-гуфт Ориф Нозимиён

Дар робита ба ин 28 октябр дар ҷаласаи ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД иштироки роҳбарияти ГКА, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба Афғонистон Сагин Ибраев ба нақша гирифта шудааст.

Октябрь 25, 2019 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст