Дар Душанбе даври ҷамъбастии озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» доир мегардад

Октябрь 2, 2019 14:24

ДУШАНБЕ, 02.10.2019. /АМИТ “Ховар”/. Моҳи октябр дар шаҳри Душанбе озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» доир шуда, даври ҷамъбастии он натиҷагирӣ карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Масъули баргузории озмун Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ғолибон бо мукофот ва туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.

Мавриди ёдоварист, ки бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021-Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тасдиқ гардид. Тасдиқ гардидани нақшаи мазкур имкон медиҳад, ки тарғибу ташвиқи ин ҷашну идҳо ва фестивалу озмунҳо ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда шаванд.

Дар доираи татбиқи Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021 ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» миёни дӯстдорони ин ҳунар доир гардида истодааст.

Озмуни мазкур се давраро дар бар мегирад;

— сатҳи ноҳиявӣ;

— сатҳи вилоятӣ;

— сатҳи ҷумҳуриявӣ.

Давраи якум — озмуни ноҳиявӣ моҳи апрел дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки васеи ҳунармандони сокини маҳалла, деҳот ва шаҳракҳо гузаронида шуд.

Даври дуюм – озмуни вилоятӣ моҳи май дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе доир гардида, иштироккунандагон дар асоси хулосаи гурӯҳи корӣ ба даври сеюм-сатҳи ҷумҳуриявӣ пешниҳод шуданд.

Даври сеюм – озмуни ҷумҳуриявӣ буда, моҳи октябр дар шаҳри Душанбе баргузор ва ҷамъбаст гардида, ғолибони озмун бо мукофотҳои таҳиянамуда қадрдонӣ карда мешаванд.

Барои интихоб намудани ғолибони озмун нишондиҳандаҳои зерин ҳатмӣ мебошанд:

— сифати истеҳсоли маҳсулоти ҳунари мисгарӣ ва оҳангарӣ;

— сатҳ ва сифати ташкили намоиши маҳсулоти ҳунарӣ, мисгарӣ ва оҳангарӣ;

— шакли муаррифии намунаҳои ҳунари мисгарӣ ва оҳангарӣ;

— сатҳи тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ;

— дараҷаи огоҳӣ аз таърихи ҳунарҳои мардумӣ;

— навоварӣ ва ташаббускорӣ дар такмили ҳунарҳои вобаста ба мисгарӣ ва оҳангарӣ.

Мақсади асосии озмун- ин тарғибу ташвиқи ҳунармандии миллати тоҷик ва фарҳангу таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути маҳсулоти оҳангарию мисгарӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, дарёфти чеҳраҳои нав, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.

Октябрь 2, 2019 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст