Дар Душанбе ҷиҳати муайян намудани ронандагони вайронкунандаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амалиёти муштарак доир гардид
ДУШАНБЕ, 07.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар шаҳри Душанбе тайи чанд рӯзи охир дар пойтахт бо масъулини маркази матбуоти ин вазорат ҷиҳати ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пешгирии дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амалиёти муштарак гузарониданд.
Зимни гузаронидани амалиёти мазкур кормандони БДА дар пойтахт як қатор ронандагонеро, ки қоидаҳои ҳаракатро дар роҳро дағалона вайрон намуда, на танҳо ба дигар ронандагони воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба раванди ҳаракати нақлиёти мусофиркашон халали ҷиддӣ мерасонанд, балки сабаби ба амал омадани танбашавӣ, инчунин дигар ҳолатҳои ногувор дар роҳ гардида, норозигӣ ва арзу шикояти шаҳрвандонро ба миён меоранд, ба қайд гирифта, нисбат ба онҳо ҷарима таъйин намуданд. Ин амалиёт ба навор гирифта шуда, тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва сомонаи ВКД манзури аҳолӣ гардонида шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯзҳо як зумра ронандагони воситаҳои нақлиёт, алалхусус ҷавонон дидаву дониста, талаботи «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»-ро сарфи назар намуда, бинобар дар баъзе ҳолатҳо беҷазо мондан амалҳои номатлуби худро идома медиҳанд. Ин тоифа ронандагон бо ин рафтори номатлубашон ба ҳусни пойтахт доғ оварда, ба вазъи садаманокӣ ва интизоми нақлиётӣ таъсири манфӣ расонида, одобу маданияти шаҳрдориро коста мегардонанд.
«Истодан ва таваққуф намудан дар қаторҳои дуюму сеюм, дар ҷойҳои муқаррарнагардида, дохили чорроҳаҳо, инчунин баромадан ба самти ҳаракати муқобил ҳангоми фурӯзон будани ранги сурхи чароғак, ташкил намудани сабқат имрӯз барои иддае аз ронандагони мағрур ба одати маъмулӣ табдил ёфта, чунин рафтори онҳо аз маърифати пасти ҳуқуқии чунин ронандагон шаҳодат медиҳад», -афзуд манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва тартиботи ҷамъиятӣ метавон аз фаъолияти босамари Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятӣ- «Шаҳри бехатар»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд.
Пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дар ҳудуди пойтахт ва қоидавайронкуниҳо дар қиёс ба солҳои пеш кам гардида бошанд ҳам, вале чуноне зикр шуд, то ҳанӯз омилу сабабҳое дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷой доранд, ки аз ҳар кадоми мо — иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маърифати баланди ҳуқуқӣ ва одобу муносибати шаҳрнишиниро тақозо менамоянд.








Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид






