Дар Душанбе Намоишгоҳи китоб – нашри Шӯрои фарҳанги Давлати Кувайт ва базми шеъри шоирони кувайтию тоҷик доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.10.2019 АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи китоб – нашри Шӯрои фарҳанги Давлати Кувайт ва базми шеъри шоирони кувайтию тоҷик баргузор гардид.
Дар намоишгоҳ шоири машҳури қувайтӣ Иброҳим ал- Холидӣ ва шоирони шинохтаи тоҷик Гулназар Келдӣ, Гулрухсори Сафӣ, тарҷумон ва шоири арабзабони тоҷик Нарзуллоҳи Назар, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз беҳтарин осори нашри Шӯрои фарҳанги Давлати Кувайт, аз қабили рӯзномаву маҷалла ва ашъори шоирони кувайтӣ ба маъраз гузошта шуд.
Шоири машҳури кувайтӣ Иброҳи шеъри калом қироат намуд, ки тарҷумон муҳтавои онро ба иштирокдорон тарҷума намуд. Инчунин шоирони тоҷик аз ашъори худ шеърҳо қироат намуданд.
Муҳтавои ашъори шоиронро саропо васфи муҳаббат ба Ватан, дӯстиву рафоқат ва ормонҳои инсондӯстонаи башарӣ ташкил медод.
Ёдовар мешавем, ки Иброҳим ал- Холидӣ шоир, муҳаққиқ ва рӯзноманигори шинохтаи Кувайт буда, соли 1971 тавввалуд шудааст.
Маҷмӯаҳои ашъораш таҳти унвонҳои «Суратгири бадавӣ», «Суҳбати саҳро», «Кишваре бо номи Кувайт» ва «Шояд монанди ман аст» ба чоп расидаанд. Ӯ ҳамчунин муаллифи чандин мақолаву тадқиқот оид ба фарҳанги мардуми Кувайт мебошад.
Дар фарҷом донишҷӯёни факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо бо қироати шеърҳои шоирони кувайтӣ бо забони асл ба ин маҳфил ҳусни тоза бахшиданд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 18 октябр идома меёбанд.










Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






