Дар Душанбе Намоиши байналмилалии молу маҳсулот доир мегардад

Октябрь 19, 2019 11:40

ДУШАНБЕ, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 24 то 26 октябр дар бинои Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Душанбе, (воқеъ дар кӯчаи Варзишӣ,2) Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон- тирамоҳ 2019” баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.  

Ба иттилои манбаъ,  дар намоишгоҳи мазкур молу маҳсулоти бахшҳои сохтмон, энергетика, таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, саноати кимиё, соҳаҳои кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, сармоягузорӣ ва ғайра муаррифӣ карда мешаванд.

Дар назар  аст,  ки дар Намоишгоҳи «Тоҷикистон- тирамоҳ 2019»  намояндагони  ширкатҳои бонуфузи давлатҳои хориҷии дуру наздик ва ватанӣ иштирок намоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки маросими расмии ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон- тирамоҳ 2019» 24 октябр, соати  10:00, дар  «Кохи Борбад»  гузаронида мешавад. Ҳамчунин дар доираи намоишгоҳи мазкур  25 октябр баргузории  ҳамоиши доираи соҳибкорон  ба нақша гирифта шудааст.

Октябрь 19, 2019 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд