Дар Хоруғ маросими бошукӯҳи гусели наваскарон ба хизмати Ватан баргузор гардид
ХОРУҒ, 03.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ маросими гусели ҷавонписарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сафи Артиши миллӣ дар фазои мутантан ва бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷамъомади тантанавӣ беш аз 5 ҳазор сокинону меҳмонон, донишҷӯёну мактаббачагон, собиқадорони ҷангу меҳнат, волидайни даъватшавандагон ва сарбозони қисмҳои низомии гарнизони Хоруғ ширкат намуданд.
Дар маросими гусели ҷавонони вилоят ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, роҳбарият ва аъзои Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд.
Раиси вилоят Ёдгор Файзов миннатдории бепоёни худро ба волидайни ҷавононе, ки бо амри дил баҳри адои қарзи фарзандии худ дар назди давлату миллат ва ҳифзи марзу буми меҳан камари ҳиммат бастаанд, баён дошт. Раиси вилоят таъкид дошт, ки дар ин маъракаи муҳим эҳсос гардид, ки ҳам ҷомеа ва ҳам ҷавонон аз худ ташаббуси волои ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, садоқати худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар тасдиқ карданд.
Ташаббуси ихтиёран ҳозир шудани ҷавонон ва дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расидани маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бори дигар исбот мекунад, ки имрӯз ҷавонони Бадахшон ҷонибдори сиёсати Пешвои миллат буда, ҳеҷ қуввае наметавонад азму иродаи қавии онҳоро дар роҳи ҳифзи марзу бум ва дастовардҳои Ватани азизамон коста гардонад.
Аз миёни даъватшавандагони ихтиёрӣ бо намояндагӣ аз ҷавонони вилоят муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони вилоят Юсуф Асадбеков, ки худ низ довталабона ба хизмати Ватан-Модар раҳсипор мегардад, ба давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити арзанда дар қисмҳои низомӣ изҳори сипос намуд. Маҳз дар зарфи 28 соли соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ шароити буду боши афсарону аскарон ва таъминоти пойгоҳи моддию техникии онҳо ба маротиб беҳтар гардида, ҳоло дар ин самт ягон мушкилот вуҷуд надорад. Юсуф Асадбеков гуфт, ки “имрӯз ҷавонони вилоят аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ карда, минбаъд ягон монеаи сунъӣ ва унсурҳои бегона наметавонанд садди роҳи ҷавонписарони бонангу ори вилоят гарданду пеши роҳи ташаббусҳои созандаву ватандӯстонаи онҳоро бигиранд”.
Модароне, ки ҷигарбандони худро дар вазъияти тантанавӣ ба сафи неруҳои мусаллаҳ гусел менамуданд, дар ҳузури ҷамъомадагон сухан гуфта, таъкид доштанд, ки модарон ҳамеша ҷонибдори сиёсати созандаи давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.
Ба 165 нафар ҷавонон, ки курсҳои кӯтоҳмудати ронандатайёркунии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилоятро хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ супурда шуд.
Ҷамъомади тантанавии гусели ҷавонони вилояти Бадахшон бо барномаи рангини фарҳангӣ ба поён расид.








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






