Дар Маркази миллии тестӣ Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 07.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Зимни он директори Маркази миллии тестӣ Хуршед Икромӣ аҳли нишастро бо Рӯзи забони давлатӣ шодбош гуфта, доир ба забони модарӣ, моҳияти он дар ҳастии миллат, ташаккули забон дар даврони истиқлолият ва саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода ёдовар шуд.
«Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ яке аз омилҳои устувор гаштани пояҳои маънавии давлат, боло рафтани ҳувияти миллии шаҳрвандон, таҳким ёфтани ҳисси худогоҳии соҳибзабонон аст. Риоя кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», ҳифзи асолати забони тоҷикӣ, ки воқеан, забони шево аст, рисолати ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад»,- гуфт Хуршед Икромӣ.
Зикр гардид, ки забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ буда, дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки дар Тоҷикистон забони миллат ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон шудааст.
Дар охир чанде аз кормандони Маркази миллии тестӣ ва мутахассисони соҳаи забон ибрози андеша карда, ҳамагонро ба пос доштан ва тоза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ даъват намуданд.








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






