Дар вилояти Хатлон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мегардад

Октябрь 17, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 19-20  октябр  дар шаҳри Бохтари вилояти  Хатлон байни наврасони солҳои таваллуди 2002–2004  Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ  баргузор мегардад. Дар ин  бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, марҳилаи шаҳриву ноҳиявии мусобиқаи мазкур 7-8 сентябр  дар тамоми қаламрави мамлакат доир карда шуда,  марҳилаи минтақавӣ ва вилоятии он 28 сентябр  дар сатҳи минтақа ва вилоят дар сатҳи баланд баргузор гардид ва беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намудаанд.

Хотиррасон  менамоем, ки  гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз намудҳои маъмул буда, дигар намудҳо, чун дзюдо, самбо, кураш ва дигарҳо аз он сарчашма мегиранд. Гӯштингирӣ дар байни мардуми тоҷик мартабаи баланд дошта, ҷиҳати оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад ва солҳои охир рӯ ба инкишоф ниҳодааст.

Октябрь 17, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд