ФУТБОЛ: Тоҷикистон давраи омодагиашро барои бозӣ бо дастаи мунтахаби Япония оғоз кард

Октябрь 8, 2019 16:04

ДУШАНБЕ, 08.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи  Тоҷикистон омодагии хешро барои бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бар зидди дастаи мунтахаби яккачини Япония оғоз намуд. Ҳайати пурраи дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри  Душанбе  тамринро шурӯъ намудааст. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба  хабари Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, аз 23 футболбози даъватшуда 22 нафарашон ба тамрин фаро гирифта шудаанд. Ҳимоятгари дастаи   «Хуҷанд» — Давронҷон Эргашев, ки ӯ низ ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон  даъват гардида буд, ҳоло дар пайи бартараф намудани осеб мебошад.

Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Япония дар доираи рақобатҳои марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022  15  октябр, соати 17:15, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, чиптаҳои ин бозӣ 20 сомонӣ муқаррар шудаанд.

     Ҳайати дастаи мунтахаби  футболи Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бо  Япония:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷурабоев (ҳама – «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Хуҷанд»);

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нуриддин Давронов («Уммон», Уммон), Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама – «Истиқлол»), Отабек Каримов, Кароматулло Саидов (ҳарду – «Кӯктош») ;

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарду – «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (бе даста).

сармураббӣ: Усмон Тошев

 Ҷоми ҷаҳон-2022

Марҳилаи интихобӣ. Даври дуюм

Гурӯҳи «F». Бозии 4-ум

15 октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ соати 17:15

Тоҷикистон – Япония

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Ёдовар мешаваем, ки  10 сентябр  дар  шаҳри Улан Батори Муғулистон бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби  футболи  Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор шуд. Ин вохӯрии ҷолиб бо ҳисоби 1:0 бар нафъи  футболбозони  тоҷик хотима ёфта буд.  Ягона голи ин дидорро  Давронҷон Эргашов дар дақиқаи 81 ба ҳадаф расонид.

    Бояд  хотирнишон кард, ки  5 сентябр бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни  дастаҳои  мунтахаби   футболи  Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  бо  иштироки    мухлисони сершумори  футболи тоҷик  дар сатҳи баланду  хотирмон  баргузор шуда буд. Дар ин  рақобати ҷолиб футболбозони   тоҷик бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Ягона голи ин дидорро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 41-ум ба ҳадаф  расонид.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои миллии Япония, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022

Марҳилаи интихобии Осиё. Даври дуюм

Гурӯҳи «F»

Даври  1-ум

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:0

Гол: Алишер Ҷалилов, 42.

 Муғулистон – Мянма – 1:0

Гол: Дулгуун Амараа, 17.

Бозиҳои оянда:

Даври  2-юм

10 сентябр (сешанбе)

Муғулистон 0:1 Тоҷикистон

Гол: Давронҷон Эргашов  дақ. 81

Даври 3-юм

10 октябр (панҷшанбе)

Япония – Муғулистон
Қирғизистон – Мянма

Даври  4-ум
15 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон  – Япония
Муғулистон – Қирғизистон

Даври 5-ум

14 ноябр (панҷшанбе)

Мянма – Тоҷикистон

Қирғизистон – Япония

Даври  6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянма – Муғулистон

Даври  7-ум

26 марти 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон  – Муғулистон
Япония – Мянма

Даври 8-ум

31 марти 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Япония
Мянма – Қирғизистон

Даври  9-ум

4 июни 2020 (панҷшанбе)

Япония – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

Даври  10-ум

9 июни 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон  – Мянма
Япония – Қирғизистон

Октябрь 8, 2019 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд