Футболбозони навраси тоҷик ба Бразилия мераванд
ДУШАНБЕ, 12.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17) ба Бразилия сафар мекунад. Дар ин мусобиқаи калони ҷаҳонӣ, ки аз 27 октябр то 17 ноябр идома меёбад, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро сармураббӣ Зайниддин Раҳимов роҳбарӣ менамояд. Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои мунтахаби Испания, Аргентина ва Камерун вориди майдон мешавад.
Роҳбари дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон Анваршо Мирзоев зимни суҳбат бо хабарнигори «Ховар» гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон як сол аст, ки ба ин мусобиқаи муҳим тайёрии ҷиддӣ дидааст ва онҳо омодаанд, ки футболи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Барои омодагиҳо дар Ҷоми ҷаҳон дастаи мунтахаби наврасон аз аввали сол то кунун дар чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Мински Беларус ва Санкт-Петербурги Россия иштирок намуданд. Дар ҷараёни бозиҳо, аз миёни 50 нафар бозингарони 17-сола, 21 нафараш беҳтарин интихоб гардида, 17 октябр ба Бразилия сафар мекунанд ва боз 7 рӯзи дигар дар майдонҳои сабзи ин мамлакат тамрин хоҳанд кард.
Нахустин бозии дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон 29 октябр бо дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Камерун, чемпиони Африқо дар соли 2019, доир мешавад.
Анваршо Мирзоев мегӯяд, ки ҳайати мураббиён бо пайдо намудани навори бозиҳо дастаи мунтахаби то 17-солаи Камерунро хуб омӯхтаанд ва маълум аст, ки бозигарони ин даста аз ҷиҳати қаду қомат ва неруи ҷисмонӣ нисбатан бартарӣ доранд. — Инро ҳайати мураббиён ва бозингарон хуб дарк мекунанд, ки бозӣ бо дастаи мунтахаби Камерун мушкил хоҳад буд, аммо тарсу ҳарос дар чашми бачаҳои мо дида намешавад. Онҳо омодаанд бозии беҳтарини даставӣ баргузор кунанд. Дар ин бозӣ беҳтарин даста ғалаба хоҳад кард, — илова намуд А. Мирзоев.
Бояд гуфт, ки яке аз дастовардҳои бузурги футболи тоҷик дар чанд соли охир маҳз ба дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи мамлакат рост меояд. Ин даста бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар Чемпионати Осиё дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур – бори аввал барандаи медалҳои нуқра гардида, роҳхати мустақимро ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бозингарони то 17-сола соҳиб шуд. Инак, як сол мешавад, ки мухлисони футболи тоҷик Ҷоми ҷаҳон оид ба футболро интизоранд, зеро дар баробари дастаҳои пешсафи дунё ғунчаҳои умедбахши футболи тоҷик низ майдондорӣ мекунанд.
Шореҳи бозиҳои футболи Телевизиони «Варзиш» Алӣ Шариф мегӯяд, ки соли 2018 дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон миёни 46 кишвари қора дар чемпионати Осиё, ки дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд, бо маҳорату матонат ҳунарнамоии ҷолибе ба тамошобинон манзур кард, ки ин эътимоду боварии моро ба фардои рушди футболи мамлакат бештар намуд.
Ба андешаи Алӣ Шариф, «новобаста аз он, ки рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз дастаҳои машҳуру муваффақи қитъаҳои Аврупо (Испания), Амрикои Ҷанубӣ (Аргентина) ва Африқо (Камерун) ҳастанду футболи ин кишварҳо ҷиҳатҳои фарқунандаи худро нисбат ба футболи имрӯзаи кишварҳои Осиё дорад, мо ба муваффақияти дастаи мунтахаби наврасони то 17-сола боварӣ дорем. Чунки як тактикаи бисёр ҳам босуръат, комбинатсияҳои ҷолибу якдигарфаҳмӣ ва иродаи матини дастаи мунтахаби наврасони то 17- сола умеди моро барои муваффақият бештар месозад».
Дар хусуси бозиҳо бо дастаҳои мунтахаби Испания, Аргентина ва Камерун Алӣ Шариф мегӯяд, ки ҷойи ҳаросу ноумедӣ надорем, зеро имрӯз як мактаби қавии футболи тоҷик дар ҳоли рушд аст ва боварӣ дорем, ки наврасони мо хуб ҳунарнамоӣ мекунанд ва ба хотири шуҳрати футболи Ватан аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд.
— Новобаста аз натиҷаҳои бозӣ ширкат дар чунин мусобиқоти бонуфуз барои дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи мамлакат дарси қавӣ мешавад ва дар муқовимат бо ин забардастҳо шогирдони Зайниддин Раҳимов тактикаҳои худро дигар намуда, комилан бо масъулияти беҳтар ҳунарнамоӣ хоҳанд кард, — илова намуд Алӣ Шариф.
Аз суҳбат бо коршиносон бармеояд, ки ҳарчанд рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон- 2019 дастаҳои мунтахаби маъруфи сайёра, аз қабили Испания, Аргентина ва Камерун, ки ворисони Мессиву Агуеро, Коставу Торес ва Жоэ́л Мати́п мебошанд, бозингарони навраси мо бидуни тарсу ҳарос, бо омодагии хуб ба Бразилия рафта, дастоварди навбатиро дар футболи тоҷик соҳиб мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати 18-уми ҷаҳон миёни ҷавонони то 17-сола аз 27 октябр то 17 ноябр дар чор шаҳри Бразилия – Кариасика, Гама, Бразилиа ва Гояниа баргузор мешавад. Нахустин бозии дастаи миллии мо муқобили дастаи мунтахаби Камерун 29 октябр, соати 04.00, бозии дуюм 01 ноябр, соати 01.00 дар дили шаб бо дастаи мунтахаби Испания ва бозии ниҳоии гурӯҳӣ 4 ноябр, боз ҳам соати 01-и шаб бо дастаи мунтахаби Аргентина сурат мегирад. Мухлисони футболи тоҷик имкон доранд ин бозиҳои муҳимро тариқи телевизионҳои «Варзиш» ва «Футбол» бо шарҳи забони давлатӣ тамошо кунанд. Инчунин ҳамарӯза аз натиҷаи ин бозиҳо барои ҳаводорони футбол дар радиои «Ховар» ва сомонаи Агентии «Ховар» хабару гузоришҳои саривақтӣ манзур карда мешаванд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»










Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт
Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд






