Хонандагони тоҷики шаҳри Қазон дар мусобиқаи варзиши мактабӣ ҷои аввалро гирифтанд

Октябрь 12, 2019 09:02

ДУШАНБЕ, 12.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 10 октябр дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон 7 –умин  Фестивали байналмилалии варзиши мактабӣ миёни кишварҳои аъзои ИДМ  баргузор гардид.  Дар мусобиқаи мазкур хонандагони  шуъбаи тоҷикии Мактаби якшанбегии миллатҳои шаҳри Қазон дар вохӯрии финалӣ дастаи мунтахаби Россияро дар  бахши футболи хурд мағлуб намуда, мақоми аввалро соҳиб шуданд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  сухангӯи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Росссия оид ба муҳоҷират Иброҳими   Аҳмад  хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқа дастаҳои кӯдакон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Россия ва дар 8 намуди варзиш, аз ҷумла футболи хурд, баскетбол, волейбол, тенниси рӯйи миз, бадминтон, шоҳмот ва шиноварӣ сабқат карданд. Дар маҷмӯъ фестивали байналмилалии варзиши мактабӣ 450 нафар кӯдаконро аз кишварҳои  ИДМ ҷамъ овард.

«Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Автономияи миллии тоҷикони  Ҷумҳурии Тотористон» Ҳикматулло Гадоев, ки дар ин мусобиқот дастаи мактаббачагони тоҷикро раҳнамоӣ мекард, изҳор намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо ба таҳкими дӯстию рафоқат миёни намояндагони халқияту миллатҳо мусоидат менамояд, балки дар оянда барои кӯдакон таҷрибаи хуб барои  иштирок дар мусобиқоти сатҳи болотар мегардад.

Ҳ.Гадоев ҳамчунин иттилоъ дод, ки   шуъбаи тоҷикии Мактаби якшанбегии миллатҳо дар шаҳри Қазон 4 сол инҷониб таъсис ёфта, айни замон дар он 17 нафар кӯдакони тоҷик таҳсил менамоянд», — афзуд И.Аҳмад.

Октябрь 12, 2019 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад