Ҳифзи забони давлатӣ дар шароити бархӯрди тамаддунҳо рисолати муқаддаси ҳар фарди соҳибзабон аст

Октябрь 7, 2019 11:30

ДУШАНБЕ, 07.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди ҷаҳонишавӣ забони давлатии мо – забони тоҷикӣ пуштибони воқеии худро дар симои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо намудааст. Ин матлаб зимни маҷлиси тантанавие, ки ба ифтихори  Рӯзи забони давлатӣ дар Хадамоти гумруки назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, изҳор дошта шуд. 

Дар ҳамоиш муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Шерализода, муовини  Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди  Ҳукумати ҷумҳурӣ Саодатшо Матробиён,  сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук  Абдумумин Муродиён  ва дигар кормандони мақомоти гумрук роҷеъ ба нақш ва мақоми забони давлатӣ  дар рушди давлатдории миллӣ, муҳимияти омӯзиши забони давлатӣ, ҳифз ва гиромӣ доштани он дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо,  арҷ гузоштан ба фарҳанг ва асолати забони тоҷикӣ ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи забони давлатӣ изҳор намуданд, ки  «забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд. Ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад. Ин забон, ки забони модарии мост, барои мо – тоҷикон чун шири модар муқаддас мебошад».

Таъкид гардид, ки поку бегазанд нигоҳ доштани забон вазифаи муқаддаси ҳар фарди соҳибзабону соҳибватан аст. Зеро имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар мамлакат ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.

Октябрь 7, 2019 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид