Имрӯз-Рўзи солхӯрдагон. Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии дастгирии иҷтимоии пиронсолон барои давраи то соли 2030» таҳия мегардад

Октябрь 1, 2019 14:17

ДУШАНБЕ, 01.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраҳои солҳои 2020-2030» ҷиҳати тақвият бахшидан ба  ҳифзи иҷтимоии пиронсолон зарурати таҳияи «Барномаи давлатии дастгирии иҷтимоии пиронсолон барои давраи то соли 2030» ба миён омадааст. Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  тасмим гирифтааст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат барномаи мазкурро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

Ин дар ҳолест, ки бо қарори Ассамблеяи генералии СММ аз 14 декабри соли 1990 1 октябр чун  Рўзи байналмилалии  одамони солхӯрда («International Day of Older Persons») таҷлил карда мешавад.

Тавре аз мушоҳидаҳо  ва  хулосаи коршиносон бармеояд, дар аксар  кишварҳои олам  одамон дар айёми пиронсолӣ аз муносибати сарду  бепарвоёнаи  наздикону атрофиён  нисбат ба онҳо азият мекашанд, ки ин  масъала ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Мақсад аз таҷлили ин рӯз  ҳалли  мушкилоти ҳаёти солхӯрдаҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиат, пешгирӣ аз   хушунат, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии онҳо, аз ҷумла  аз  ҳаёти якранг, ноумедиву  дилсардӣ раҳо  намудани  ин қишри ҷомеа мебошад.

Бояд зикр кард, ки   шахсони аз 60-сола болоро пиронсол ном мебаранд. Чун анъана давраи пиронсолӣ асосан аз давраи ба нафақа баромадани шахс  оғоз меёбад.

Дар Тоҷикистон низ шурӯъ аз соли 1993 Рўзи байналмилалии одамони солхӯрда ҷашн гирифта  мешавад.  Тавре аз  Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ то моҳи июни  соли равон 699  ҳазору  236 нафарро ташкил  медиҳад,  ки  ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  3 фоиз афзоиш ёфтааст. Яке аз сабабҳои  афзоиши  насли калонсоли мамлакат   ба  беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии онҳо вобастагӣ дорад.

Тавре сардори  шуъбаи  таҳлили сиёсати  ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соима Муҳаббатова   зикр кард, дар ин рӯз  дар    92  муассисаи иҷтимоии мамлакат,  ки бевосита ба масъалаҳои пиронсолон ва маъюбон сару кор доранд, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ  баргузор гардида, дар онҳо  барои  солхӯрдаҳо дастурхони идона  ороста мешавад.

«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини зиндагии шоиста ба насли калонсол ва ҳифзи иҷтимоии онҳо  пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Айни замон  дар мамлакат  4 осоишгоҳ барои барқарор намудани саломатии пиронсолон, ветеранҳои ҷангу меҳнат  ва  маъюбон дар хизмати онҳо қарор дорад. Алҳол  дар  7 хона-интернатҳои мамлакат   пиронсолон ва маъюбони  бекасу танҳо ва бе ҷойи зист буду бош доранд, ки  нигоҳубини онҳоро   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба зимма дорад. Ба ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ  6 маркази минтақавиии хизматрасонии иҷтимоӣ, 41 шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбони  бекасу танҳо фаъолият мекунанд. Инчунин дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  бахшу шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ  фаъолият доранд, ки вазифаи асосии онҳо  ҳифзи иҷтимоии ин қишри аҳолӣ мебошад. Бар замми ин,  барои ин  қишри ҷомеа кумакҳои якдафъаина ва ҳармоҳаи унвонӣ  пешбинӣ шудаанд. Ба пирони  аз  75-сола боло бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии солхӯрдаҳо  кумаки якдафъаинаи моддию молӣ расонида мешавад», — иброз дошт С.Муҳаббатова.

Бо мақсади  таъмини зиндагии шоиста  барои пиронсолон дар Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбони ҷумҳурӣ   бахши геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолон фаъолият дорад.

Чанде пеш  дар Душанбе дар мавзӯи «Таҳлили муқоисавии баъзе ҷанбаҳои сифати зисти пиронсолон дар Тоҷикистон. Даъватҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» ҳамоиш доир гардид. Дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бюрои аврупоии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои пиршавии солим, маъюбӣ ва нигоҳубини бардавом, ташкилот ва муассисаҳои дар самти будубоши пиронсолон фаъолиятдошта ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд.

Ҳамоиши мазкур бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва равонию рӯҳии пиронсолон дар Тоҷикистон, муайян сохтани афзалиятҳо, мушкилиҳои асосӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо баргузор гардид.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед оид ба  вазъи будубоши пиронсолон дар ҷумҳурӣ  ва дигар паҳлуҳои мавзӯи мазкур  маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Коршиносони соҳа — С. Мирзоев, С. Камолова, Н. Меликова,  Манферд Хубер доир ба мақсаду вазифаҳои бахши геронтология, инчунин   ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон, нишондиҳандаҳои таҳлили муқоисавии вазъи иқтисодию иҷтимоии пиронсолон дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2018, хусусиятҳои ҳолати рӯҳию равонии  онҳо  вобаста ба муҳити зист дар ҳолати имрӯза ва вазъи солимӣ дар Аврупо сухан гуфтанд.
Мавриди зикр аст, ки  дар Тоҷикистон, ки дорои ҷомеаи суннатист, ба ҷо овардани эҳтироми пиронсолон, пеш аз ҳама, қадрдонии волидайн, дар айёми пирӣ парасторӣ  намудани  онҳо аз ҳислатҳои ҳамида ва фазилатҳои неки  инсонӣ  маҳсуб мешавад.

Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба пиронсолон, шахсони яккаву танҳо   пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд.  Дар  яке аз  суханрониҳояшон дар ин маврид таъкид  намудаанд, ки «пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта давлати сари мо мебошанд. Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар ҳаққи онҳо, то тавонем, ғамхорӣ намоем. Фаромӯш набояд кард, ки баробари кумаку ғамхорӣ ба маъюбону пиронсолон ва оилаҳои камбизоат, мо ба наврасону ҷавонон ва наслҳои ояндаи миллат сабақи раҳму шафқат ва инсондӯстиву қадрдонӣ меомӯзем».

Намунаи барҷастаи ин эҳтиром  дар муносибати  боназокати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо насли калонсоли мамлакат  баръало эҳсос мегардад.  Сарвари давлат ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ҳатман бо пирони рӯзгордида мулоқот ва суҳбатҳои самимона меороянд, аз аҳволи саломатӣ, мушкилоти рӯзгорашон пурсон мешаванд ва дуои некашонро  мегиранд.

Аз муносибати гарму ҷӯшони насли калонсоли ҷумҳурӣ  аён мегардад, ки онҳо низ ин самимияти Президенти мамлакатро ба хубӣ дарк  менамоянд ва   он   сабаби хушҳолӣ,   умеду  боварии онҳо ба  фардои  дурахшони  ин сарзамин гардидааст.

Ҳамин сиёсати хирадмандонаи Давлату Ҳукумат ва Пешвои миллат аст,  ки дар   Тоҷикистон   дар самти  ҳифзи  ҳуқуқу манфиатҳои пиронсолон заминаҳои  ҳуқуқӣ  фароҳам  оварда шудаанд. Аз ҷумла, дар моддаи 34–и Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  омадааст: «Фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд».

Ин меъёр  дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва  Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ  пешбинӣ шудааст.

Дар моддаҳои  88 ва 89-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  омадааст, ки  «агар  падару модар дар масъалаи аз нигоҳбонӣ саркашӣ намудани фарзандонашон ба суд муроҷиат намоянд, дар ин ҳолат аз ҳамаи фарзандон барои таъминоти  моддии онҳо маблағи муайян ситонида мешавад. Агар фарзандон таъйиноти судиро иҷро накунанд, нисбат ба онҳо дар марҳилаи аввал корҳои ислоҳӣ бурда шуда, баъдан ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд».

Мутаассифона, солҳои охир  бо таъсири баъзе унсурҳои  бегона ин тамоюли   ба суннат ва фарҳанги миллати мо  бегона  — дар айёми  пирӣ аз парастории  волидайн  саркашӣ   намудану ба хонаи пиронсолон  супоридани онҳо   зиёд  ба мушоҳида мерасад. Тибқи иттилои масъулин, айни ҳол  дар  марказҳои иҷтимоӣ   беш аз 1400  нафар шахсони синнашон аз 60 боло нигоҳбонӣ карда мешаванд.

Сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба он равона гардидааст, ки барои   шахсони эҳтиёҷманд  дар хонаҳояшон шароит муҳайё намуда, онҳо дар муҳити оилавӣ нигоҳубин шаванд. Зеро коршиносон баъди омӯзишу таҳлили ҳамаҷониба ва гузаронидани  назарсанҷиҳои зиёд  ба хулосае омаданд, ки  бо вуҷуди  муҳайё будани тамоми шароити будубош   дар  ин марказҳои иҷтимоӣ ниёзмандон дар хона, дар муҳити хонавода ва ҳалқаи пайвандон  зистанро  афзалтар медонанд.

«Дар  ҷумҳурӣ  7 хона – интернат  барои пиронсолон  фаъолият доранд. Аксари бошандагони ин хона-интернатҳо  фарзанд доранд, аммо онҳо волидайнро ба ҳоли худ гузошта, дар дигар давлатҳо умр ба сар мебаранд. Баъзе  фарзандони онҳо хонаҳояшонро фурӯхта, Тоҷикистонро тарк кардаанд ва волидонашон дар кӯча мондаанд», — мегӯяд сардори шуъбаи  таҳлили сиёсати  ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ С. Муҳаббатова.

Соима Муҳаббатова ҳамчунин зикр намуд, ки   имрӯз сиёсати давлат ба он равона  гардидааст, ки  барои эҳтиёҷмандон бештар марказҳои будубоши рӯзона кушода шаванд. Аз оғози истиқлолият то имрӯз дар ҷумҳурӣ  зиёда аз 14 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ  таъсис ёфтаанд, ки  дар онҳо қисмати хизматрасонии  рӯзона бештар  мебошад. Онҳое, ки қобилияти роҳ гаштан доранд, худашон ба марказҳо омада, дар клубҳои муошират ва дигар маҳфилҳо бо ҳамсолон суҳбат мекунанд. Ҳамчунин аз муоинаи духтурон мегузаранд, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ мегиранд ва ғизои гарми нисфирӯзиро ҳамроҳ тановул карда, ба хонаҳои худ мераванд. Дар ҳар муассиса ба 100 ва аз он ҳам бештар пиронсолон хизмат мерасонанд. Ҳамаи сарфу харҷ аз ҳисоби давлат аст».
Бояд тазаккур дод, ки   алҳол дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаҳо  фаъолият доранд.

Кормандони шуъбаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба ниёзмандон  дар рӯбучини хона, тайёр кардани хӯрок, шустушӯи либос, хариди ғизо ва дорувор, даъвати  духтур ба наздашон ва аёдати онҳо ҳангоми бистарӣ будан дар беморхона, расонидани нафақа,  мутолиаи китобу рӯзномаву маҷалла ва баргузории маросими дафн  хизмат мерасонанд. Аксари кормандони шуъбаҳои мазкур  занони собиқадору  дорои маълумоти миёнаи махсуси тиббиву педагогианд.

Ин гуфтаҳои пурҳикматро ҳар яки мо бояд дар ёд дошта бошем:

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,

То азизи дигарон бошӣ ту низ!

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 1, 2019 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд