Имрӯз зимни мулоқоти дуҷониба робитаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Сямэн баррасӣ гардиданд

Октябрь 24, 2019 11:02

ДУШАНБЕ, 24.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Масъалаи вусъат бахшидани ҳамкории  дуҷонибаи шаҳрҳои Душанбе ва Сямэн имрӯз зимни мулоқоти ҳайати роҳбарияти ду ҷониб дар пойтахти Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз роҳбарияти шаҳри Душанбе бо  ҳайати  шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи умумичинии мардумию сиёсии Шӯрои машваратии шаҳри Сямен  Чжан Сзян  мулоқот анҷом дод.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар баробари баррасии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимову фарҳангӣ хостори тавсеаи робитаҳои судманд дар ҷодаи сайёҳӣ ва варзиш гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз мулоқот таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба дар асоси «Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва Ҳукумати ҳалқии шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ –иқтисодӣ» мебошад, ки  20 июни соли 2013 ба имзо расида буд.

Ҳайати меҳмонон дар доираи сафари худ бо роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, аз Мамнуъгоҳи фарҳангӣ-таърихии «Қалъаи Ҳисор»-и шаҳри Ҳисор ва як зумра  корхонаву муассиса, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ ва мавзеъҳои ҷолиби шаҳри Душанбе боздид ба амал меоранд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин бо шаҳри Душанбе соли 2013 аҳдномаи бародаршаҳрӣ баста буд.

Октябрь 24, 2019 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад