Масъуди Сипанд: «Зебоии Тоҷикистон назир надорад ва мардумаш хеле хушбахтанд»

Октябрь 22, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 22.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир гардид.

Тавре дар ҷараёни ҳамоиш таъкид гардид, Симпозиуми илмии имрӯза давоми мантиқии ин гуна чорабиниҳо мебошад, ки он бо ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон баргузор шуда, ба 1120-солагии давлатдории Сомониён, бузургдошти Борбади Марвазӣ, Куруши Кабир ва ҷашнҳои фарҳангии мардуми ориёинажод – Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон бахшида шуда буд.

Дар кори Симпозиум  пажӯҳишгарони тоҷик ва зиёда аз 120 нафар донишмандон аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Россия, Ҳиндустон, Франсия, Австрия, Германия, Амрико, Канада, Шветсия, Швейтсария, Голландия, Эрон, Дания, Испания, Англия, Австралия, Исроил ва Ироқ иштирок намуданд.

Яке аз меҳмонони ин Симпозиум шоир Масъуди СИПАНД   дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба муҳимияти ин ҳамоиш ва посдории таъриху тамаддуни ориёӣ аз ҷониби Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар кард.

Ба гуфтаи Масъуди Сипанд, «зебоии Тоҷикистон назир надорад, мардуми Тоҷикистон хеле хушбахтанд. Барои ман мояи  хушнудист, ки дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шеър хонам ва ифтихор аз он кунам, ки ман низ ориёиям».

Масъуди Сипанд таъкид намуд, ки «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои пешрафти мардуми Тоҷикистон кӯшиш мекунад.  Дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойдор аст ва имрӯз  барои ман ифтихор мебуд, агар дар гӯшае аз ин сарзамин зиндагӣ кунам. Ман Тоҷикистонро дӯст медорам! Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон  пойдор аст ва мардумаш  сол ба сол пешрафт мекунад».

Дар ҷараёни Симпозиум таъкид гардид, ки бузургдошти шахсиятҳои сиёсӣ, илмиву адабӣ ва бофарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо, ҳамчунин арҷгузорӣ ва ҳифзи мероси илмиву адабӣ, таърихиву фарҳангӣ аз рукнҳои асосии сиёсати Ҳукумат ва давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Ин, бешубҳа, аз сиёсати созандаву санҷида ва дурбинонаи Сарвари давлатамон — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Ба гуфти Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Рахмон мо тавонистем, ки дар 28 соли истиқлоли давлатӣ як силсила чорабиниҳои муҳими таърихӣ, илмиву адабӣ ва фарҳангиро бо иштироки донишмандон ва коршиносони ватаниву хориҷӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор намоем.

Симпозиуми имрӯза ҳамчун идомаи ҷаласаҳои илмии байналмилалӣ дар заминаи равишҳои нави пажӯҳишӣ силсилаи масъалаҳои муҳими фарҳанги бостонро ба таври куллӣ бори нахуст ва аз диди тоза фаро мегирад.

Чунин назари мукаммал ба марҳалаҳои таърихи тамаддуни халқамон имкон фароҳам меорад, ки саҳми давлати Сомониён дар рушду эҳёи забону адабиёт, илму фарҳанг, давлатдориву девонсолорӣ ва нақши онҳо дар рушди тамаддуни умумибашарӣ дар заминаи таҳқиқоти нави бунёдӣ ба роҳ монда шавад, мероси ғании назарӣ ва амалии мусиқиву адабии Борбади Марвазӣ мавриди баррасӣ қарор гирад, ба моҳияти умумиинсонии ҷашнҳои миллии мо — Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон баҳои илмӣ дода шавад ва ба саҳми Куруши Кабир дар тамаддуни ҷаҳон ба сифати шоҳаншоҳи оқилу адолатпеша, тамаддунсоз, муаллифи аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ ва ҳифзи дороиҳои шаҳрвандонро ҳамчун омили муҳими оромиву беҳбудии ҷомеа кафолат додааст, таваҷҷуҳ зоҳир гардад.

Бояд таъкид намуд, ки ин гуна симпозиумҳо як мавриди бисёр муносиб барои шинохти амиқу таҳқиқи таърих, фарҳанг ва зиндагиномаву осори аҳли илму адаб ба шумор мераванд.

Кори Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» дар шаҳри Душанбе идома ёфта, меҳмонон аз маконҳои зебои пойтахт дидан мекунанд.

Октябрь 22, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Имрӯз мо шоҳиди уҳдадории дастаҷамъонаи бонкҳои байналмилалии рушд ҷиҳати суръатбахшӣ ба маблағгузории соҳаи обу иқлим гаштем»
Президенти Тоҷикистон: «Обанборҳои Тоҷикистон барои таъмини мунтазами давлатҳои минтақа бо оби корезӣ хизмат менамоянд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон соҳаи энергетикаро яке аз авлавияти стратегии худ медонад»
Конфронси Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 дар шаҳри Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ заминаи муҳим фароҳам месозад
МО ВА ТАЪРИХИ МО. Давлати Сомониён чун намунаи ниҳоят назарраси давлатдории тоҷикон дар Осиёи Марказӣ шинохта шудааст
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
Тоҷикистон ҷонибдори ғояи таъсис додани Котиботи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ мебошад
Соли 2024 раёсат дар Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мегузарад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истифодаи васеи технологияҳои рақамиро ҷузъи таркибии рушди иқтисоди давлатҳои аъзои СПЕКА номиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар Душанбе Маркази СПЕКА оид ба рушди зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад
Пешвои миллат: «Мардуми шарифи Тоҷикистон зери Парчами миллӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расид»
«БАРОИ ХИЗМАТ ДАР НАЗДИ ВАТАН». Ин мукофоти Сарвари давлат мояи ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон аст