Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид намуд
ДУШАНБЕ, 16.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, масъалаи мазкур зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, муҳокима карда шуд.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод ва вакили мардумӣ Мавлуда Мирзозода иброз доштанд, ки лоихаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ҷиҳати пурзўр намудани ҷазо барои шиканҷа ва пешгирӣ намудани он таҳия гардида, бо истифода аз хуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.
«Вакилони мардумӣ инчунин дар иҷлосия Созишнома оид ба ташаккул ва истифодаи гурӯҳҳои муштараки мутахассисони (коршиносони) идораҳои сарҳадӣ барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиди амнияти сарҳадӣ дар сарҳадоти берунаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Барқарорсозии НБО Норак, марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд, Протокол Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи Женева оид ба манъи истифодаи газҳои нафасгиркунанда, заҳролудкунанда ё газҳои дигари ба онҳо монанд ва воситаҳои бактериологӣ ҳангоми ҷанг аз 17 июни соли 1925 ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуда, созишномаҳои зикршударо ба тасвиб расониданд», — афзуд котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






