Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Ситоди отряди сохтмониро ба истифода дода, бо Қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд

Октябрь 17, 2019 10:02

ДУШАНБЕ, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз навсозӣ бинои Ситоди отряди сохтмониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити қисми низомӣ шинос шуданд.

Бинои Ситоди отряди сохтмонии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он утоқҳои муосиру барҳаво барои фаъолияти ҳайати шахсӣ фароҳам оварда шудаанд. Тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд.

Ҳамчунин дар бинои ситод толори барҳаво бо 240 ҷойи нишаст бунёд ёфта, барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои гуногун имконияти муосир фароҳам оварда шудааст.

Дар ҳудуди иншоот ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии сарбозон Осорхонаи Пешвои миллат бунёд ёфтааст. Пас аз шиносоӣ бо шароити осорхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.

Ҷиҳати сайқал додани дониши сарбозону афсарон дар дохили ситод китобхонаи муосир бунёд ёфта, бо адабиёти баландмазмун таъмин гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки китобхона ба шабакаи интернет пайваст буда, сарбозон метавонанд аз китобхонаи электронӣ ба таври васеъ истифода баранд.

Президенти мамлакат дар ҳамин ҷо бо фаъолияти сехҳои истеҳсолии Отряди сохтмонӣ аз  наздик шинос шуда, бо сарбозон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди қисми низомӣ панҷ сехи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ фаъолият намуда, дар доираи корҳои навсозӣ ҳамаи коргоҳҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоти муосири корӣ таъмин гардидаанд. Дар коргоҳҳо симтӯр, симхор ва дигар маҳсулоте, ки барои ҳифзи хати сарҳад зарур аст, бо сифати баланд истеҳсол карда мешаванд.  Ҳамзамон дар ҳудуди Отряди сохтмонӣ истеҳсоли бомпӯшҳои тунукагӣ ва дару тирезаҳои пластикиву чӯбӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин маҳсулот барои бунёди дидбонгоҳҳо, қисмҳои низомӣ ва отрядҳои сарҳадӣ дар мамлакат истифода бурда мешавад. Сарбозон барои истифодаи таҷҳизоти мазкур аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, малакаи хуби корӣ доранд. Пас аз анҷоми хизмати ҳарбӣ, дар баробари обутоби бадан сарбозон ҳамчун мутахассисони соҳибмалака ба хона бармегарданд, ки ин таҷриба, бешубҳа, дар ҳаёти ҳаррӯзаашон манфиати зиёд хоҳад овард.

Тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти корие, ки дар коргоҳҳо насб шудааст, аз хориҷи мамлакат ворид гардид.

Қобили зикр аст, ки дар қисми низомии мазкур барои хизмати ҷавонон дигар шароити муосир низ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди отряд майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол ва волейбол таъмиру таҷдид шуда, барои тамринҳои пагоҳирӯзии афсарону сарбозон майдончаи варзишӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид.

Сарбозон дар қисми низомӣ бо хӯроки серғизо, сару либоси мавсимӣ таъмин буда, хобгоҳи он аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Ҷиҳати фароғати хуби сарбозону афсарон дар дохили қисми низомӣ як гулгашти муосир бо ду суҳбаткадаи барҳаво бунёд ёфта, дар атрофи он гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудаанд.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афсарону сарбозон даъват ба амал оварданд, ки масъулияти бузурги бардӯшдоштаашонро бо сари баланд иҷро намуда, барои ҳифзи марзу буми давлати соҳибистиқлол ҳамеша ҳушёр ва далеру чолок бошанд.

Мусаллам аст, ки шарту шароит дар қисмҳои низомӣ ва сатҳу сифати хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор дошта, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Хусусан Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат бо дастгирии Пешвои муаззами миллат бо муосиртарин шароит ва дастгоҳҳои соҳавӣ таъмин гардида, отрядҳои сарҳадӣ ва қисмҳои низомии он пурра навсозӣ шудаанд.

Ба истифода додани бинои Ситоди отряди сохтмонӣ ва шиносоӣ бо Қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.10.2019

Октябрь 17, 2019 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии «Зирамоҳ»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ 10 иншооти навро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии «Орзу»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Нозироти андозро мавриди истифода қарор доданд