Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» мулоқот карданд
ДУШАНБЕ, 22.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” бо як гурӯҳ меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ-иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ мулоқот карданд.
Дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба онҳо барои пешбурди фаъолияти илмию эҷодӣ ва фарҳангӣ барору комёбӣ орзу карданд.
Дар вохӯрии самимӣ оид ба ҳадафҳо ва аҳамияти баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ дар Душанбе, муносибатҳои неки фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои олам ва нақши Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” табодули андеша сурат гирифт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳои Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд”, фаъолияти хуби ҷамъиятҳои дар хориҷбудаи тоҷикон ва форсизабонон, инчунин саҳми онҳо дар ташаккули фарҳанги ягона баҳои баланд доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли зиё даъват ба амал оварданд, ки ҳамкориро бо доираҳои илмию эҷодӣ ва аҳли фарҳанги кишвари мо ба таври зичу пурсамар ба роҳ монанд ва дар ҷараёни таҷлили ҷашну идҳои миллию байналмилалӣ дар Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд.
Зимни мулоқот меҳмонон-иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии гарму самимӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани кори ҳамоиши илмӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Дар ҳамин ҷо барои саҳми арзишманд дар ваҳдату ҳамбастагии мардумони сайёра, арҷгузорӣ ба аҷдодон, мероси бузурги онҳо ва гиромидошти муқаддасоти фарҳангии ниёгон дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Нишони Бунёди “Манучеҳри Фарҳангӣ” тақдим карда шуд.
Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмонон ҷиҳати саҳмгирии амиқ дар инкишофи фарҳанги волою забони ноби тоҷикию форсӣ ва густариши дӯстиву робитаҳои миёни тоҷикону форсизабонон ва халқҳои дигари ҷаҳон муваффақият орзу карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






