Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи футболи Япония Козо Ташима мулоқот намуд

Октябрь 16, 2019 11:05

ДУШАНБЕ, 16.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пеш аз вохӯрии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон – Япония  дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи футболи Япония  Козо Ташима мулоқот намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманди федератсияҳои футболи ҳарду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ассотсиатсияи футболи Япония Козо Ташима барои меҳмоннавозии ҳайати дастаи мунтахаби Япония дар шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ кард.

Дар ҷараёни ин вохӯрӣ Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Япония Козо Ташима ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Октябрь 16, 2019 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад