Раиси Думаи давлатии Россия Вячеслав Володин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Октябрь 18, 2019 18:10

ДУШАНБЕ, 18.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Россия Вячеслав Володин бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд. Дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Раиси Думаи давлатии Россия ҳамчун нишони эҳтиром бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар майдони Дӯстии пойтахт гулчанбар мегузорад ва ба маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташриф меорад. Илова бар ин, дар доираи сафар вохӯрии ӯ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, инчунин боздид аз Осорхонаи миллӣ ва Кохи Наврӯз дар назар аст.

Тавре Султонов хабар дод, сафари расмии Володин ба Тоҷикистон 19 октябр анҷом меёбад.

Дар баробари ин, ТАСС хабар медиҳад, ки дирӯз Думаи давлатии Федератсияи Россия протоколро дар бораи ворид намудани тағйирот ба созишномаи байниҳукуматии Федератсияи Россия ва Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2013 ба тасвиб расонид.

«Масъалаҳое ҳастанд, ки онҳоро бояд қонунгузорони Россия ва Тоҷикистон муҳокима кунанд: инҳо, пеш аз ҳама, роҳҳо ва шаклҳои ҳамгироии шарикии ду кишваре, ки дар шароити торафт мураккабшавандаи  байналмилалӣ зиндагӣ доранд», — гуфт коршинос, нависанда, олим ва ходими илмии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Дубовитский.

Ӯ ҳолати муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россияро арзёбӣ намуда, изҳор дошт: «Муносибатҳои Россияву Тоҷикистон айни ҳол дар сатҳи олӣ қарор доранд: Россия барои Тоҷикистон шарики бузургтарини тиҷоратӣ ва кафили амнияти он, ки дорои 1244 км сарҳад бо Афғонистон мебошад, маҳсуб меёбад».

Виктор Дубовицкий зикр намуд: «Даъват аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ҳанӯз моҳи апрели соли равон зимни мулоқоти дуҷонибаи ӯ бо Президенти Федератсияи Россия В. Путин дар Москва  ба амал омада буд. Дар рафти он мулоқот Сарвари давлати Тоҷикистон  иброз намуданд, ки Россия барои Тоҷикистон шарики стратегӣ ба ҳисоб меравад».

«Тоҷикистониён бар он умед доранд, ки сафари Раиси парлумони Россия В. Володин муносибатҳои ду кишварро ба сатҳи сифатан нав ва баландтар хоҳад  баровард», — илова намуд В. Дубовитский.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Россия бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Муҳимияти шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия, ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи кори Комисссияи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва Ассамблеияи байнипарлумонии ИДМ таъкид карда шуд ва муносибатҳои байнипарлумонӣ асоси маҷмуи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Россия арзёбӣ гардид.

Доир ба рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ҳамкориҳои гуногунҷанба байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Россия, ҷалби бештари сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои манфиатбори дуҷониба дар соҳаҳои илму техника, фарҳангу иттилоот, тайёр кардани кадрҳои баланихтисоси соҳаи маориф ва забономӯзӣ табодули афкори судманд баргузор шуд.

Дар мулоқот барои дарёфти роҳҳои нави рушди ҳакориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии Тоҷикистон ва масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

Ҷонибҳо ҳамзамон масоили марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, роҳу услуҳои нави тақвияти мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф орад.

Октябрь 18, 2019 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин