СОМОН – ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН! Гӯштингири шинохтаи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон сазовори медали тилло гардид

Октябрь 18, 2019 08:18

ДУШАНБЕ, 18.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар кишвари Марокаш ҷараён дорад, варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, медали тиллоро ба даст овард.

Дар ин рӯз варзишгарон дар вазнҳои 57 — 63 кг миёни занон ва 73 кг миёни мардон барои дарёфти медалҳо мубориза бурданд. Тоҷикистонро ду варзишгар — Сомон Маҳмадбеков ва Қоим Шукронов муаррифӣ намуданд. Дар ин бора шореҳи варзиш Каримхон Бекматов ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, варзишгари умедбахши тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар даври якуми Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар вазни 73 кг бар намояндаи Кабо Верде — Семедо Клаудиано бо усули «иппон» дастболо шуд. Ӯ дар қувваозмоии даври дуюм ҳам бидуни мушкил дзюдочии қирғиз Асад Масабировро шикаст дод. Ҳарифи навбатии варзишгари мо Умаев Абдул Малик аз Белгия низ ба зури бозӯи Сомон тоб оварда натавонист. Сомон Маҳмадбеков ӯро нахуст бо як усули зебо, ки «вазарӣ» баҳогузорӣ шуд, партофта, баъдан ҳарифашро дар рӯи татами 10 сония ба пушт нигоҳ дошта, ба ғалаба муваффақ гардид.

Дар даври ¼- ниҳоӣ Сомон Маҳмадбеков бо варзишгари италиёвӣ Мела Эдоардо неру санҷид. Аз оғози рақобат ин паҳлавони ҷавони тоҷик фаъол буд. Дар ниҳоят талошҳояш самар оварда, пеш аз муҳлат ҳарифро бо ҳамон ҳолати «осейкомӣ» нигоҳ дошта, ғалаба намуд. Барои баромадан ба даври ниҳоӣ паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба муқобили дзюдочии Австрия Самуел Гасснер ба татами баромад. Дар сонияҳои аввали рақобат Сомон Маҳмадбеков ҳарифро ба тахтаи пушт хобонида, ба финал баромад. Дар даври ниҳоӣ Сомонро варзишгари рус — Георгий Елбакиев интизор буд. Дар ин рақобат низ Сомон Маҳмадбеков пирӯз шуда, медали тиллои Чемпионати ҷаҳонро ба даст овард.

Ҳамин тавр Сомон Маҳмадбеков номашро бо ҳарфҳои заррин дар таърихи дзюдои тоҷик сабт намуд. Сомон аввалин дзюдочӣ аз Тоҷикистон шуд, ки дар Чемпионати ҷаҳонии дзюдо байни ҷавонон сазовори медали тилло гардид.

Ёдовар мешавем, ки 16 октябр дар Марокаш Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонони то 21-сола  шурӯъ гардида, то 20 октябр идома меёбад.

Дар чемпионати мазкур 517 нафар варзишгарон (294 мард, 223 зан) аз 81 давлати ҷаҳон иштирок карда истоданд, ки миёни онҳо варзишгарони тоҷик низ ҳастанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар ба Марокаш сафарбар гардид, ки дар 3 вазн миёни мардон гӯштин мегиранд: Ҷамолиддин Абдуллоев, Идибек Сафаров (-66кг), Сомон Маҳмадбеков, Қоим Шукронов (-73кг), Абубакри Акобир, Эмомризо Анварзода (-90кг).Хотиррасон менамоем, ки  Чемпионати мазкур аз рӯи 14 категорияи вазнӣ (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон), ҳамчунин қувваозмоии даставии омехта сурат мегирад.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом бо ҷоизапулӣ: ҷои аввал — 2500 доллари ИМА, ҷои дуюм – 1500 доллар, ҷойҳои сеюм – 850 долларӣ  қадрдонӣ мешаванд.

АКС: IJF

Октябрь 18, 2019 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад