ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, шанбе, 278-умин рӯзи соли 2019 аст

Октябрь 5, 2019 08:00

5 октябри соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони калонтарин масҷид дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ гардид.

***

7 сол пеш, 5 октябри соли 2012 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин аз қароргоҳи Пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Россия боздид намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Кӯлоб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

5 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии муаллим.

***

Рӯзи байналмилалии кормандони кофтукови ҷиноӣ.

 ***

Дар Португалия рӯзи ташкили ҷумҳурӣ.

РӮЙДОДҲО:

5 октябри соли 1963 дар Тоҷикистон Ҳафтаи фарҳанги Қазоқистон  оғоз гардид.

***

5 октябри соли 2016 дар Брюссел нишасти вазирони кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, инчунин конференсия бахшида ба мавзӯи Афғонистон баргузор гардид.

***

19 сол қабл, 5 октябри соли 2000 олимон муайян карданд, ки бо гузашти 14 сол аз садамаи Чернобил ва радиатсияи бавуҷудомада ҳанӯз ҳам дар растаниҳои ҳудуди зарардидаи Украина раванди аз меъёр зиёди мутатсияи генӣ (дигаргуншавӣ ва ё вайроншавии хромосомаҳо ва генҳо) ба назар мерасад.

***

5 октябри соли 1823 дар Англия нахустин маҷаллаи тиббӣ бо номи «Лансет» ба нашр оғоз намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2006 дар Чин автобусҳои махсусе пайдо шуданд, ки барои иҷрои ҳукми қатл истифода мешуданд.

***

5 октябри соли 1502 Христофор Колумб Косто-Рикаро кашф намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 дар Токио сатҳу сифати муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Япония, дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.

***

Соли 1864 аз таъсири тундбод дар Калкутта беш аз 300 киштӣ нобуд  ва тақрибан 80 ҳазор нафар одамон  ҳалок шуданд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Октябрь 5, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш