Ташхисгарони тиббӣ – судӣ барои талаби 10 000 доллари амрикоӣ ҳамчун пора ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд

Октябрь 18, 2019 09:26

ДУШАНБЕ, 18.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ташхисгари тиббӣ – судии  шуъбаи байниноҳиявии шаҳри Турсунзода  У.Н. ва Ф.Ҳ. -ро  барои талаби 10000 доллари амрикоӣ ҳамчун пора ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид.

Тавре аз Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вобаста ба ҳолати тамаъҷӯӣ 19 сентябр  шаҳрванд «А» бо ариза ба шуъбаи минтақавии агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор муроҷиат кардааст. Номбурда  дар аризааш навиштааст, ки «нисбат ба экспертҳои тиббӣ – судӣ   У.Н. ва Ф.Ҳ.  тадбирҳои қонунӣ андешида шаванд. Чунки ин нафарон  аз ӯ барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани писари додараш, ки нисбат ба ӯ бо моддаи 139, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, маблағи 10000 доллари ИМА талаб карда истодаанд».

Дар  асоси муроҷиати шаҳрванд «А»  худи ҳамон рӯз нисбат ба У.Н. ва Ф.Ҳ. бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) — и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Зимни гузарондани чорабиниҳои фаврӣ — тафтишотӣ У.Н. баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 7000 доллар дастгир шудааст.

Октябрь 18, 2019 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд