Вазири мудофиаи Россия се афсари тоҷикро бо медалҳои «Барои таҳкими ҳамбастагии ҳарбӣ» сарфароз гардонид
ДУШАНБЕ, 02.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазири мудофиаи Федератсияи Россия, генерали Артиш Сергей Шойгу иштирокчиёни машқҳои стратегӣ ва фармондеҳӣ-ситодии «Марказ – 2019», аз ҷумла хизматчиёни ҳарбии кишварҳои хориҷиро сарфароз гардонд.
Се нафарӣ хизматчиёни ҳарбӣ аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Покистон бо медалҳои «Барои таҳкими ҳамбастагии ҳарбӣ» сарфароз гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён хабар дод, афсарони тоҷик полковник Фаридун Усмонзода, полковник Файзулло Чаманзода ва подполковник Орифҷон Шарафов бо медалҳои «Барои таҳкими ҳамбастагии ҳарбӣ» сарфароз гардонида шуданд. Тибқи фармони Вазири мудофиаи Федератсияи Россия, афсарони тоҷик «барои хизматҳояшон дар таҳкими ҳамбастагии ҳарбӣ ва ҳамкории низомӣ бо артишҳои кишварҳои дӯст ва мусоидат дар ҳалли вазифаҳои ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ гузошташуда» сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар машқҳои «Марказ – 2019», ки моҳи сентябр дар машқгоҳҳои умумиҳарбии вилоятҳои Астрахан, Кемерово, Қӯрғон, Оренбург ва Челябинск, дар қаламрави Доғистон ва кишвари Олтой, инчунин дар баҳри Каспий баргузор шуданд, тақрибан 128 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ иштирок намуда, беш аз 20 ҳазор адад силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, тақрибан 600 дастгоҳҳои ҳавопаймоӣ ва то 15 адад киштиҳои таъминотӣ истифода бурда шуданд.










Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид






