Зайниддин Раҳимов: Вазифаи даста роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 мебошад
ДУШАНБЕ,02.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов гуфт, вазифаи даста роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати футболи Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби то 19-сола мебошад. Вай дар ин бора 1 октябр зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе изҳори назар кард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
«Омодагиро ба марҳилаи интихобии Чемпонати Осиё аз 24 сентябр шурӯъ кардем. Бештар ба тайёрии техникӣ таваҷҷуҳ доштем. Бачаҳо ба бозии аввал бо дастаи мунтахаби Малдив омодагӣ мегиранд. Ба мо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи ин даста каме иттилоъ пешниҳод кард, ки онро омӯхтем», — гуфт Зайниддин Раҳимов.
Дар нишасти хабарӣ сармураббиёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистону Сурия ва Лубнон, ширкаткунандагони марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи «С» ҳузур доштанд.
Хотиррасон мешавем, ки бозиҳои гурӯҳи «С» аз 2 то 6 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Рақиби асосии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби ҷавонони Сурия дониста мешавад. Сармураббии ин даста Самир Албастанлӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, дастаҳои ҷавонони Тоҷикистону Лубнонро хуб омӯхтаанд, аммо бо дастаи мунтахаби ҷавонони Малдив ошноӣ надоранд.
«Дастаи мунтахаби ҷавонони Лубнон чанд бозингари хуб дорад. Аммо бозингарони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ҳамаашон маҳорати баланд доранд. Мо чанд бозии онҳоро тамошо кардаем. Махсус мехоҳам маҳорати ҳамлагарони ин дастаро зикр кунам. Мо ба ҳамаи рақибонамон эҳтиром дорем ва барои нишон додани бозии зебо ба майдон мебароем», — иброз дошт Самир Албастанлӣ.
Чунонки маълум аст, дастаи мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон ба Чемпионати ҷаҳон, ки аз 26 октябр то 17 ноябр дар Бразилия доир мегардад, роҳхат гирифтааст. Сармураббӣ Зайниддин Раҳимов мегӯяд, ки ширкат дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё барои бархе аз футболбозони навраси тоҷик пеш аз сафар ба Бразилия озмоиши бузург аст, ки бачаҳо таҷрибаи хуб касб мекунанд.
«Мо ба ҳайати дастаи мунтахаби 19-солаҳо панҷ футболбози моҳири 17-соларо даъват кардем, ки ин махфӣ нест, ба монанди Шаҳром Самиев, Манучеҳр Сафаров. Рақибонамон онҳоро хуб омӯхтаанд. Ин панҷ нафар дастаи мунтахаби ҷавононро дастгирӣ хоҳанд кард. Вазифаи мо ба қисми ниҳоии чемпионати Осиё роҳ ёфтан аст», — гуфт сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон.
Бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон имрӯз, 2 октябр бо Молдив, 4 октябр бо Лубнон ва 6 октябр бо Сурия рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати футболбозони ҷавони тоҷик дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 19:00, шурӯъ мешаванд.
Дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19-сола 46 даста иштирок мекунанд, ки тибқи қуръакашӣ, ба 11 гурӯҳ тақсим шудаанд. Дар минтақаи Ғарб 6 гурӯҳ ва дар минтақаи Шарқ 5 гурӯҳ таъсис ёфтааст. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон роҳ пайдо мекунанд.
Марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19-сола соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Агар мизбони Чемпионати Осиё-2020 дар мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро соҳиб шавад ва ё ба қатори чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм шомил гардад, он гоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо мекунад.
Мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола
Гурӯҳи «С»
Бозиҳои даври 1-ум
2 октябр (чоршанбе)
16:00. Сурия – Лубнон
19:00. Тоҷикистон – Малдив
Бозиҳои даври 2-юм
4 октябр (ҷумъа)
16:00. Малдив – Сурия
19:00. Лубнон – Тоҷикистон
Бозиҳои даври 3-ум
6 октябр (якшанбе)
16:00. Лубнон – Малдив
19:00. Тоҷикистон – Сурия








Пагоҳ дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба шоҳмот оғоз мегардад
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳӣ 6-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ
ҶОМИ ҶАҲОН-2025. Имрӯз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври дуюм бо дастаи футболи ИМА бозӣ мекунад
Тоҷикистонро дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 65 варзишгар намояндагӣ мекунанд
ҶОМИ ҶАҲОН-2025. Имрӯз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) нахустин бозии худро мегузаронад
Дар Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе майдончаи варзишии футбол ифтитоҳ гардид
Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо иштирокдорони шашумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 вохӯрӣ доир гардид
«Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барои бозӣ бо дастаи футболи «Ал-Завра»-и Ироқ ба шаҳри Бағдод сафар кард
Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол барои Ҷоми ҷаҳон-2025 муайян гардид
Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи тиллоии оинномаи футболи оммавии КФО дархост ирсол кард
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Регар-ТадАЗ» бо тими «Сафо»-и Лубнон бозӣ мекунад






