Занони Рӯшон маҳорати худро дар бунёди боғдорӣ месанҷанд

Октябрь 10, 2019 08:55

ХОРУҒ, 10.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сокини маркази ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назархотун Раҷаббекова, ки зиёда аз 30 соли ҳаёти худро ба таълими насли наврас бахшидааст, чанд сол пеш ба нафақа баромад ва ба боғдорӣ машғул шуд. Ҳамроҳи ҳамсараш яке аз боғҳои кӯҳнаро, ки масоҳаташ як гектару 600 ҳиссаро ташкил медод, ба иҷора гирифта, атрофи онро панҷара кашиданд. Тамоми дарахтони пирро бурида, ба ҷои онҳо зиёда аз ҳазор бех ниҳолҳои гуногуни мевадор шинонданд. Ҳоло онҳо ҳамасола то 18 тонна мева ҷамъоварӣ намуда,  аз фурӯши меваи дарахтон маблағи кофӣ ба даст меоранд.

Бояд гуфт, ки дар боғҳои ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавсими ҷамъоварии ҳосили дарахтони мевадор оғоз ёфт. Таъми хушу таркиби беолоиши намудҳои мухталифи себ тоҷирони бозорро водор намуд, ки худ ба ҷустуҷӯ ва хариди себ бароянд. Аксарияти боғдорон мегӯянд, ки ду соли охир аз бозорнишинӣ раҳоӣ ёфтаанд ва акнун себи боғашонро яклухт ба тоҷирон мефурӯшанд. Баъди тавсеа ёфтани тиҷорати меваҷот дар бозори дохилӣ занон тасмим гирифтанд, ки маҳорати худро дар ин шуғл бисанҷанд.

Аксаран худи соҳибкорон меваи дилхоҳашонро чида, ба бозор мебароранд.

Ба гуфтаи Назархотун Раҷаббекова, баъзе аз соҳибкорон аввали баҳор барои хариди мева бо вай шартнома мебанданд ва тирамоҳ омада, ҳосилашонро пурра мегиранд.

Ин зани боғпарвар ҳоло мақсад дорад, ки дар канори боғаш барои нигоҳдории меваҷот сардхона бунёд кунад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ӯ барои бунёди сардхона қитъаи замин ҷудо кардааст.

Тибқи иттилои бахши кишоварзии ноҳияи Рӯшон, соли равон дар ҳудуди ин ноҳия зиёда аз 6 ҳазор бех дарахтони мевадиҳанда шинонда шуда, қариб 10 га боғоти кӯҳна аз нав барқарор ва зиёда аз 9 га боғҳои нав бунёд гаштанд. Дар барқарорсозии боғоти кӯҳна ва бунёди боғҳои нав саҳми соҳибкорони инфиродӣ, ба монанди Назархотун Раҷаббекова хеле калон аст.

Октябрь 10, 2019 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд