Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар Қазоқистон мавриди омӯзиш қарор мегиранд

Ноябрь 27, 2019 08:50

ДУШАНБЕ, 27.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр  бо ташаббуси намояндагии Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ» конфронси илмӣ-амалӣ доир мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар конфронси мазкур олимон ва муҳаққиқони ҳарду давлат, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва тоҷикони муқими Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок ва суханронӣ менамоянд.

Инчунин дар кори конфронс сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои муҳими сайёра мавриди омӯзиши илмӣ қарор гирифта, андешаҳои коршиносон вобаста ба паҳлуҳои гуногуни ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи илмӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.

Ноябрь 27, 2019 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид