ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Ба шарафи 5500-солагии шаҳраки Саразм 30 иншоот бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 21.11.2019/ АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ бунёди қариб 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар бархеи он корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин бора раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода зимни ҷаласаи кумитаи тадорукот доир ба ҷараёни корҳои ободонӣ дар ҳудуди шаҳр маълумот дод.
Дар Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии «Саразм», воқеъ дар шаҳри Панҷакент таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба таҷлили 5500 — солагии Саразми бостонӣ баргузор шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни ҷаласа иброз дошт, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 «Дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ» қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расида, ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст.
Бо дарназардошти аҳамияти ёдгории қадимии Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон соли оянда 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Барои таҷлили шоистаи ин ҷашн дар ҳудуди шаҳру деҳоти Панҷакент корҳои ободониву созандагӣ ҷараён доранд.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки сокинони шаҳр барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат намуда, тасмим доранд то соли 2021 405 иншооти гуногунсоҳаро бунёд ва мавриди истифода қарор диҳанд.
Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи омодагиҳо ба таҷлили 5500-солагии шаҳри Саразм баён намуд, ки «ин ҷашн бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳамияти ёдгории қадимии Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон таҷлил мешавад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки барои пурра ба анҷом расонидани сохтмони иншооти мансуб ба ҷашн ва ба ҷаҳониён муаррифӣ сохтани маданияти беш аз 5500-солаи халқи тоҷик аз тамоми имкониятҳо истифода намоем».
Дар ин замина ба масъулин дастур дода шуд, ки барои бо сифати баланд бунёд намудани осорхона, меҳмонхона, чойхона, истгоҳу дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, панҷарабандии атрофи мамнуъгоҳ ва таъмири роҳҳои мошингард табдирҳои зарурӣ андешанд.
Ёдовар мешавем, ки ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исоқов кашф гардид. Майдони аввалаи он қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтааст.
Шаҳраки Саразм ёдгории беназире ба ҳисоб меравад, ки дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва муносибатҳои мардуми давраи энеолит ва давраи асри биринҷиро таҷассум кардааст. Маҳз бо назардошти аҳмияти таърихӣ шаҳрак соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии СММ ворид карда шудааст.








Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад






