ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони ватандӯсти Хатлон ба маблағи 126,2 миллион сомонӣ роҳу пулҳоро таъмиру навсозӣ карданд
ДУШАНБЕ, 20.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон дар самти таъмини инфрасохтори зарурӣ, шароити хуби кор, зиндагӣ ва истироҳат, ҷолиб сохтани симои меъморӣ дар тӯли даҳ моҳи соли 2019 тадбирҳои муассир андешида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Дар натиҷа, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо азхудкунии маблағгузориҳои асосӣ ба маблағи 1 миллиарду 875 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкунӣ 1 миллиарду 304,4 миллион сомонӣ, корҳои пудратӣ 649,3 миллион сомонӣ иҷро гардида, ба маблағи 2 миллиарду 388,7 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд.
1424 биною иншооти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 2 миллиарду 65 миллион сомонӣ, аз ҷумла, 61 мактаби дорои 8 ҳазору 43 ҷойи нишаст, 7 кӯдакистони дорои 190 ҷой, 82 иншооти соҳаи тандурустӣ, 7 иншооти соҳаи фарҳанг, 94 иншооти варзишию сайёҳӣ, 44 корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Инчунин, дар ин давра таъмири асосии 118 километр ва сангфаршкунии 892 километр роҳи автомобилгард, барқарорсозии 40 кӯпрук, 75,1 километр хати оби нӯшиданӣ, бунёди 10 хонаи истиқоматии баландошёна, 1273 манзили истиқоматии шахсӣ ва 742 иншооти дигар анҷом дода шуд.
Бо ташаббуси соҳибкорони ватандӯст ба маблағи умумии 126,2 миллион сомонӣ таъмири асосии 190,4 километр, таъмири ҷории 97,2 километр, сангфаршкунии 965,4 километр роҳ ва таъмиру барқарорсозии 76 кӯпрук бо дарозии 710 метр сурат гирифт.








«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд






