Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратии назди Хадамоти гумрук баргузор шуд

Ноябрь 30, 2019 11:05

ДУШАНБЕ, 30.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он  масъалаҳо доир ба фаъолияти Шӯро ва  Хадамоти гумрук дар соли 2019, мақомоти мазкур дар самти ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ ва тарзи истифодаи Портали савдои Тоҷикистон  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз Хадамоти гумрук ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа раиси Шӯро, муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода  зикр кард, ки «Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамот бо мақсади татбиқи банди 14-и моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ҳадафи он  ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ,  пеш аз ҳама,  дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат мусоидат намудан дар татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат, ташкил намудани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад.

А.Турсунзода доир  ба дастовардҳое, ки мақомоти гумрук дар самти соддагардонии расмиёти савдо дар соли 2019 ба онҳо ноил гардид, маълумот дода,  аз ҷумла зикр  кард, ки Хадамоти гумрук бо мақсади мунтазам зиёд намудани ҳаҷми содироти молу маҳсулот  ба мамлакат пайваста тадбирҳои муассир  меандешад.

«Ҷиҳати тезонидани барасмиятдарории содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба воҳидҳои сохтории тобеъ супориши қатъӣ додааст, ки ҳангоми содироти маҳсулоти ин соҳа, аз ҷумла, моли зудвайроншаванда, дар сурати ба мақомоти гумрук пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои дахлдор  барасмиятдарории гумрукӣ молҳои мазкур дар навбати аввал ва ба таври соддагардонидашуда анҷом дода шаванд»,- афзуд номбурда.

Зимни ҷаласа инчунин сардори шуъбаи Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти мазкур Ёрмаҳмад Ёров дар мавзӯи «Фаъолияти мақомоти гумрук дар самти ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ» маърӯза намуд.

Ҳамчунин дар ҷаласа навори видеоӣ дар мавзӯи «Фаъолияти Портали савдои Тоҷикистон» манзури иштирокчиён гардонида шуд.

Дар ҷаласа инчунин намояндагони Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон, Ассотсиатсияҳои «АВВАТ», брокерон, Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор «Кадбону» ва Барномаи JIZ вобаста ба ин мавзӯъ ибрози андеша намуданд.

Доир ба фаъолияти минбаъдаи Шӯрои мазкур аз ҷониби иштирокдорони ҷаласа як  зумра пешниҳоди  муҳим манзур гардид.  Пешниҳоди  маърӯза дар мавзӯи имтиёзҳо ва пардохтҳои гумрукӣ, аз ҷониби олимон оид  ба тавҳам намудани амалия ва илм дар  машваратҳои минбаъдаи Шӯро аз ҷумлаи ин пешниҳодот буданд. Инчунин таклиф шуд, ки намояндаи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аъзо ва шахси масъули Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ қабул  карда шавад,  ки он аз ҷониби раиси Шӯро А.Турсунзода  ва иштирокдорони ҷаласа  дастгирӣ ёфт.

Ноябрь 30, 2019 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд