Ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ дар шаҳри Тошканд

Ноябрь 22, 2019 09:15

ДУШАНБЕ, 22.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии гумрукӣ, капитани хадамоти гумрук Даврон Ҷураев иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои марбут ба фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла мувофиқаи шакл, ҳаҷм ва вақти мубодилаи иттилоот ҷиҳати татбиқи моддаи 3-и «Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳо ба обеъктҳои моликияти зеҳнӣ», мувофиқаи лоиҳаҳои «Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо барои мақомоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ» ва “Созишнома оид ба тартиби гузоштани мӯҳр ва топпаҳои гумрукӣ дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва тиҷоратӣ аз ҷониби мақомоти гумруки давлатҳои  иштирокчии ИДМ” баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон интихоби роҳбар ва котиби Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрук ва Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқии Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ, тасдиқи лоиҳаи Нақшаҳои кории Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрук ва Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқии Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои  иштирокчии ИДМ ва ғайра мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки 23 декабри соли 1993 барои ҳамоҳангсозии фаъолияти гумрукии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасъсис дода шуд.

Ноябрь 22, 2019 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад