Аз ҶДММ «Шау-Сун» 50 адад чархҳои мошини тамғаи «Дулан»-ро дуздиданд

Ноябрь 15, 2019 10:08

ДУШАНБЕ, 15.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба шуъбаи 1-уми Вазорати корҳои дохилӣ  дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе   марди 48-солаи шаҳрванди Ҷумҳурии  Мардумии Чин, директори ҶДММ «Шау-Сун», ки айни ҳол истиқоматкунандаи  кӯчаи Ҷ.Расулови  пойтахт мебошад, муроҷиат намудааст.

Номбурда дар  муроҷиаташ  зикр кардааст, ки шаби 10 ба 11 ноябри соли  равон, тахминан соати 03:20, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи мазкур, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулов даромада, аз он ҷо 50  адад чархҳои  мошини  тамғаи «Дулан»-ро дуздидааст.  Дар натиҷаи ин дуздӣ  ба корхонаи «Шау-Сун» 150 ҳазор сомонӣ зарар  расидааст.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои  фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони  19-солаи сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон  бо гумони дуздӣ дастгир гардид. Айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ  идома доранд.

Ноябрь 15, 2019 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд