«Cомон Эйр» тасмим дорад боз 5 адад чархбол харидорӣ намояд
ДУШАНБЕ, 08.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо ширкати «Эйрбас» ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонид. Дар доираи санади мазкур «Сомон Эйр» тасмим дорад илова ба чархболи Н125, ки аллакай вориди Душанбе гардидааст, 5 адад чархбол-як чархболи H125, ду чархболи H130, ду чархболи H175 ва ҳавопаймоҳои нави «Airbus» харидорӣ намояд. Ёддошти ҳусни тафоҳум 7 ноябр дар шаҳри Париж зимни вохӯрии ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Франсия ба тасвиб расид.
Қаблан ширкати «Сомон Эйр» чархболи Airbus Helicopters Н125 харидорӣ намуда буд, ки он дорои амалиётнокии баланд, аёнияти аъло, ларзиши паст дар кабина буда, 5 ҷойи нишасти мусофирон дорад. Модели H125 аз ҳамаи чархболҳои якмуҳаррикаи класси худ бо хусусиятҳои техникӣ, гуногунҷабҳагӣ, сатҳи бехатарӣ ва арзиши дастрас, инчунин аз ҷиҳати кор дар шароити шадид бартарӣ дошта, барои истифода дар баландкӯҳҳо ва иқлими гарм мутобиқ мебошад.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидаанд. Дар ин робита чархболи H125 дар баробари ғанисозии парки ҳавопаймоии ширкат, ҳамчунин ба рушди сайёҳӣ ва тиҷорати авиатсионӣ дар дохили мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият иҷро мекунад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900, ҳамчунин чархболи H125 иборат мебошад.









Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






