Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи энергетика густариш медиҳанд

Октябрь 30, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вазорат ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, нафту газ ва захираҳои обро баррасӣ намуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об таъкид намуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди равобити судманд бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд».

«Мо омодаем, дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар бахшҳои энергетикаи барқароршаванда, иктишоф ва истихроҷи конҳои нави нафту газ, инчунин идоракунии устувори захираҳои об ҳамкориро густариш диҳем»,-афзуд вазир.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид